Октябр 26, 2021 15:38 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Амирабдуллоҳиён бо вазирони хориҷаи Тоҷикистон, Туркманистон, Покистон ва Узбакистон

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз, сешанбе, чаҳоруми обонмоҳ, ба сурати ҷудогона бо вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон, Туркманистон, Покистон ва Узбакистон дидору ройзанӣ хоҳад кард.

Ба гузориши ИСНА, ин дидорҳо дар маҳалли Вазорати умури хориҷаи Эрон баргузор мешавад.

 

Яке аз аҳдофи аслии сафари вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон, Туркманистон, Покистон ва Узбакистон ба Эрон, ширкат дар дуюмин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аст, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон баргузор мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп