Посухи қотеъи Эрон ба иддаоҳои Имороту Баҳрайн дар бораи ҷазираҳои эронӣ
(last modified Wed, 27 Oct 2021 06:08:43 GMT )
Октябр 27, 2021 11:08 Asia/Dushanbe
  • Посухи қотеъи Эрон ба иддаоҳои Имороту Баҳрайн дар бораи ҷазираҳои эронӣ

Ҳайати дипломатии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал иддаоҳои Имороту Баҳрайн дар СММ дар бораи ҷазоири сегонаи эронии Абумӯсо, Тунби бузург ва тунби кучакро қотеона рад кард.

Намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар кумитаи чаҳоруми Маҷмаи умумии СММ дар посух ба иддаоҳои арзии намояндаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн дар бораи ҷазоири Абумӯсо, Тунби бузург ва Тунби кучак, бар мавзеи пойдору усулии Эрон, ки вуҷуди чунин ихтилоферо байни Эрону Иморот ба расмият намешиносад, таъкид кард.

Дипломати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал таъкид кард: Се ҷазираи эронии ёдшуда бахши ҷудоинопазир аз қаламрави Эрон будаву бинобар ин ҳар гуна иддаое бар хилофи ин воқеият ба таври мутлақ рад мешавад.

Намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар кумитаи чаҳоруми Маҷмаи умумии Созмони Милал дар идомаи ин нишаст иддаои беасоси Иморотро мудохила дар умури дохилии Эрон ва бар хилофи асли адами мудохила дар умури дохилии кишварҳо ва зикршуда дар эъломияи Милали Муттаҳид донист.

Ин дипломати эронӣ дар СММ бо ғайримуртабит донистани мавзӯи ёдшуда бо дастури кори кумитаи чаҳоруми Маҷмаи умумии СММ бо ишора ба ин нукта, ки намояндаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз дастури кори мавҷуд барои пешбурди манофеи сиёсии маҳдуди худ дар минтақаи халиҷи Форс сӯиистифода мекунад, аз Иморот хост, нисбат ба ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи байналмилал пойбанд бошад.

Намояндаи Эрон дар ин нишаст дар айни ҳол бар омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои идомаи гуфтугӯҳои дуҷониба бо Иморот барои рафъи ҳар гуна сӯитафоҳум дар ин хусус таъкид кард.