Октябр 27, 2021 15:12 Asia/Dushanbe
  • Оғози иҷлоси вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон

Дуюмин иҷлоси кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба мизбонии Теҳрон дар сатҳи вузарои хориҷа ва бо ҳузури муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) оғоз шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Эрон, Чин, Покистон, Туркманистон, Узбакистон ва Тоҷикистон кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳастанд.

Русия низ дар даври аввали ин иҷлос, ки ба мизбонии Покистон баргузор шуд, дархости ҳузурашро дар ин нишаст матраҳ кард ва бо мувофиқати аъзо ҳамроҳ шуд.

Дар ин нишаст вузарои хориҷаи Чину Русия ба сурати маҷозӣ суханронӣ мекунанд.

Намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон ва сафири Русия дар Теҳрон дар нишаст ҳузур доранд.

Муҳаммади Мухбир, муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон суханрони ифтитоҳияи ин маросим аст ва паёми дабири кулли Созмони Милал низ қироат хоҳад шуд.

Даҳҳо хабарнигори дохиливу хориҷӣ низ ин иҷлосро, ки бо ибтикори амали Теҳрон баргузор мешавад, пӯшиш хоҳанд дод.