Октябр 27, 2021 16:33 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ: Ваҳдати адёну мазоҳиб дар Лубнон улгӯе барои дигарон аст

Оятуллоҳ Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ, аз мароҷеи изоми тақлид гуфт, Лубнон ба унвони кишваре, ки пайравони адёни мухталиф дар он зиндагӣ мекунанд, аз инсиҷому ваҳдати хубе бархӯрдор аст.

Оятуллоҳ Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ дар дидори раиси ҳайати уманои таҷаммуи уламои муслимини Лубнон дар Қум, бо ишора ба сафарҳои зиёди худ ба Лубнон афзуд: Лубнон уламои бисёр равшане дорад, ки иқдомоти Сайид Шарафиддин ва Имом Мӯсо Садрро мутаҷаллӣ мекунад, имрӯз миллати Лубнон аз ҷаҳоти фикрӣ, фарҳангӣ ва стратегӣ бо якдигар муттаҳид ҳастанд.

Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ бо ишора ба тавтеаи душманон алайҳи мусулмонон дар тӯли таърих гуфт: Нақшаи душманон имрӯз ин аст, ки байни мусулмонон ихтилоф эҷод кунанд ва онҳоро ба ҷони ҳам биандозанд ва тавтеаҳои худро ба пеш бибаранд. Ҳамон чизе ки дар Афғонистон, Судон ва Яман мебанем.

Вай изҳор дошт: Вазифаи имрӯзи мо ин аст, ки дар баробари душман ба гуфтору навиштор иктифо накунем, балки бояд ҳаракат кунем, вагарна душман бо сарфи таҷҳизоту сармояҳо рӯз ба рӯз нақшаи худро амалитар кардаву қавитар шуда ва мо заифтар мешавем.

Ин марҷаи тақлид бо баёни ин ки саҳюнистҳо намояндаи Ғарб дар минтақа ҳастанд, баён дошт, ки то саҳюнистҳо дар Фаластин ҳастанд, кишварҳои Ғарби Осиё роҳат ва осоиш нахоҳанд дошт ва мо бояд қудрати худро ба истикбор нишон диҳем ва танҳо дар сояи ваҳдат аст, ки метавон бар душман пирӯз шуду иқтидори Исломро ба рухи ҷаҳонён бикашонем.

Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ дар поён бо баёни ин ки тақвияти муқовимат вазифаи имрӯзи мост, таъкид кард: Бояд барои тақвияти муқовимат, ба вижа дар Сурия ба майдон биёем.