Октябр 27, 2021 16:49 Asia/Dushanbe
  • Тести корона аз бозикунони тими футболи Умеди Эрон дар Тоҷикистон

Аз бозигарон ва кадри фаннии тими футболи Умед барои бори дувум дар шаҳри Душанбе озмоиши корона гирифта шуд.

Намояндагони Кумитаи пизишкии Конфедератсияи футболи Осиё дар ростои риояти протоколҳои беҳдоштӣ, барои бори дувум аз ҳамаи аъзои корвони тими миллии зери 23 соли Эрон дар меҳмонхонаи ҷои иқоматашон тести корона гирифтанд.

Муқаррароту протоколҳои беҳдоштии Конфедератсияи футболи Осиё дар Тоҷикистон ба шиддат риоят мешавад ва тибқи эъломи кумитаи пизишкӣ пеш ва пас аз ҳар дидор бозикунону кадри фаннии тимҳои ширкаткунанда тести корона медиҳанд.

Се бозикуни ҷадиди тими Умед ҳам, ки тоза вориди шаҳри Душанбе шуда буданд, имрӯз субҳ тести корона доданд ва феълан то замоне, ки посухи тестҳо наёяд, дар утоқҳояшон қарантина ҳастанд.