Октябр 28, 2021 19:23 Asia/Dushanbe
  • Ду футболисти эронӣ номзади беҳтарин бозикуни ҷаҳон

Ду миллипӯши футболи Эрон номзади беҳтарини бозикуни соли ҷаҳон дар соли 2021 шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Федерасиюни таъриху омори футболи ҷаҳон номзадҳои беҳтарин бозикуни ҷаҳонро эълом кард, ки номҳои Маҳдии Торимӣ-муҳоҷими Порто ва Сардор Озмӯн-муҳоҷими Зенит дар миёни гузинаҳо дида мешавад.
Акрам Афифи қатарӣ, Алӣ Мабҳути иморотӣ ва Сун Ҳинг Мини корияӣ, дигар осиёиҳои ин феҳрист ҳастанд.
Соли гузашта Ливандовский-ситораи полшавии Бавария Мюнхен ин унвонро ба даст оварда буд .

 

Барчасп