Ибрози таассуфи Тахтиравончӣ аз пайравӣ накардани Амрико аз аҳкоми Девони байналмилалии додгустарӣ
(last modified Fri, 29 Oct 2021 14:02:54 GMT )
Октябр 29, 2021 19:02 Asia/Dushanbe
  • Ибрози таассуфи Тахтиравончӣ аз пайравӣ накардани Амрико аз аҳкоми Девони байналмилалии додгустарӣ

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, пайравӣ накардани Амрико аз аҳком ва қарорҳои девонро таассуфбарангез хонд.

Маҷиди Тахтиравончӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар суханоне дар хусуси Девони байналмилалии додгустарӣ гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон нақши Девони байналмилалии додгустарӣ дар ҷилавгирӣ аз хушунатҳо ва коҳиши буҳронҳо аз тариқи ҳаллу фасли мусолиматомези ихтилофотро муҳим мешиносад ва муътақид аст, ки девон бо ҳифозат аз назми байналмилалӣ ва муқобила бо иқдомоти якҷониба, ҳукумати қонунро тақвият мекунад.

Тахтиравончӣ бо ишора ба ду даъвои дар ҳоли расидагии Эрон дар Девони байналмилалии додгустарӣ, ба ташреҳи ин парвандаҳо пардохту афзуд: Бо тавваҷуҳ ба тасвиби теъдоди қобили мулоҳизае аз қавонин ва дастурҳои иҷроӣ дар Амрико, ки ошкоро бар хилофи ҳуқуқи байналмилал ҳастанд, масунияти давлати Эрон назди маҳокими Амрико нодида гирифта шудааст.

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Муттаассифона, Амрико на танҳо аз орои байналмилалии додгустарӣ пайравӣ накарда, балки бо ҷорӣ кардани таҳримҳои ҷадид зидди Эрон, ба вижа дар даврони авҷи густариши ҳамагирии Ковид - 19 барқасдона ин дастуротро нақз кардааст.

Девони байналмилалии додгустарӣ савуми октябри соли 2018 бо баррасии дархости Эрон, Амрикоро ба рафъи таҳримҳои ақломи инсондӯстона, дорӯӣ, кишоварзӣ ва ҳавонавардӣ уҳдадор кард, аммо Вашингтон ба ин ҳукм таваҷҷуҳе накардааст.

Таҳримҳои якҷонибаву золимонаи Вашингтон, ки шомили ақломи асосӣ ва ҳатто доруиву пизишкӣ мешавад, боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуми Эрон, ба вижа беморони коронаӣ шудааст.