Октябр 30, 2021 09:32 Asia/Dushanbe
  • Созмони Ҳамкории Шанхай, фурсате барои афзоиши содироти ғайринафтии Эрон

Раиси Комиссиони содиротии Утоқи бозаргонии Эрон гуфт, тавсеаи таомулот бо аъзои СҲШ, фурсате барои афзоиши чандинбаробарии содироти ғайринафтӣ ва беҳбудии шароити иқтисодӣ дар ихтиёри Эрон қарор хоҳад дод.

Ҷамшеди Нафар, раиси Комиссиони содиротии Утоқи бозаргонӣ, саноат, маодин ва кишоварзии Эрон тасреҳ кард, расмӣ шудани узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай танҳо оғози як масир аст ва ба эҷоди зерсохтҳои ҷадид барои равнақи тиҷорату тавсеаи иқтисодӣ ниёз дорад.

Вай бо ишораи инки эъмоли таҳримҳо, тавсеаи тиҷориро барои фаъолони иқтисодӣ сахт кардааст, хотирнишон кард, Эрони мавқеъияти ҷуғрофиёии истисноӣ дорад, ки бо ҳузур дар созмонҳое монанди СҲШ метавонад беҳтарин баҳрабардориро аз он дошта бошад, аммо бархе мушкилот монеъи истифодаи кофӣ аз ин мавқеъият мешавад.

Созмони Ҳамкории Шанхай соли 2001 бо ҳадафи ҳамкориҳои чандҷонибаи амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ташкил шуд.

Созмони Ҳамкории Шанхай бо ҳудӯди 25 дарсади тавлиди нохолиси миллии ҷаҳон, аз ҷумлаи маъдӯди созмонҳое бо моҳияти ҳамзамонии иқтисодӣ ва амниятӣ - низомист.

 

Барчасп