Иттиҳоди Аврупо ҳушдори парвоз дар осмони Эронро лағв кард
Сарпарасти Созмони ҳавопаймоии кишварӣ эълом кард, ҳушдори рискпазир будани фазои осмони Эрон дар Ожонси эминии ҳавонавардии Иттиҳодия Аврупо лағв шуд.
Ба гузориши Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон, Сиёвуши Амирмакрӣ, сарпарасти Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон гуфт, ҳушдори рискпазир будани фазои осмони Эрон дар Ожонси эминии ҳавонавардии Иттиҳодия Аврупо тамдид нашуд.
Вай гуфт, иттиҳодияи ҳавонавардии Аврупо дар хусӯси фазои парвозии Эрон дар январи соли 2020 иттилоъияи ҳавонавардӣ мабнӣ бар маҳдӯдияти парвозии ширкатҳои аврупоӣ зери иртифои 25 ҳазор по дар фазои кишварро содир кард, ки то таърихи 30 октябри 2021 муътабар будааст.
Сарпарасти Созмони ҳавопаймоии кишварии афзуд, дар ҷиҳати рафъу ҳазфи ин маҳдӯдияти ройзаниҳоеро дафотири тахассусии Созмони ҳавопаймоии кишварӣ ва ширкати фурудгоҳҳо ва новбарии ҳавоӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии аврупоӣ, созмонҳои ҳавопаймоии кишварҳои минтақа ва Аврупо анҷом шуд.
Вай тасреҳ кард, бар ҳамин асос аз имрӯз (шанбе) ин маҳдӯдиятҳоро Ожонси эминии ҳавонавардии Аврупо барои ширкатҳои ҳавопаймоии аврупоӣ тамдид накард.