Вуруди охирин маҳмӯлаи воксани коронаии харидоришуда ба Эрон
Раиси Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон аз вуруди охирин маҳмӯлаи воксани коронаии харидоришуда ба кишвар хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Карими Ҳимматӣ-раиси Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрони афзуд : Дар маҷмӯъ Ҷамъияти ҳилоли аҳмар 112 миллиону 390 ҳазор дозаи воксан вориди кишвар кардааст .
Ҳимматӣ ҳамчунин гуфт : Дар ростои муқобила бо корона контроли марзҳои кишвар аз соли гузашта низ тавассути Ҳилоли аҳмар оғоз шуд ва болиғ бар 750 ҳазор нафар аз мусофироне, ки қасди вуруд ба кишварро доштанд, мавриди поиш қарор гирифтанд .
Раиси Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон бо ишора ба соири иқдомоти Ҷамъияти ҳилоли аҳмар тасреҳ кард : Илова бар контроли марзҳо дар заминаи поиши маконҳои умумӣ, бистарӣ ва дармони беморони коронаӣ ва тазриқи воксан низ Ҳилоли аҳмар нақшофаринӣ кард ва дар беш аз 200 маркази тазриқи воксан неруҳои Ҳилоли аҳмар ба кор гирифта шуданд, то раванди тазриқи воксан суръат дода шавад .
Ба гузориши маркази вебсайти омории worldometers , ки охирин омори мубталоён ба ҳамагирии коронаро ба сурати лаҳзаӣ гузориш мекунад, шумори мубталоёни ҷаҳонии коронаи ба 247 миллиону 137 ҳазору 55 нафар расидааст .