Ноябр 02, 2021 10:21 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ: Сукути муддаиёни ҳуқуқи башар сабаби густохии режими Исроил шудааст

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон сукути ба истилоҳ ҳомиёни ҳуқуқи башарро омили густохиҳои режими ҷаълии Исроил дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид донист.

Козими Ғарибободӣ душанбешаб дар Твиттер гуфт: Сукути кишварҳову гуруҳҳои ба истилоҳ ҳомии ҳуқуқи башар дар баробари нақзи мукаррару фоҳиши ҳуқуқи башар тавассути режими саҳюнистӣ, ин ҷасоратро ба ин режим додааст то бо пора кардани гузориши раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал, ин шӯроро ба мазҳака бигирад.

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки ин гузориш ҳовии натоиҷи комиссиюни таҳқиқ низ мебошад, ки бахшҳои аъзаме аз он ба маҳкумияту интиқод аз режими Исроил мепардозад, афзуд: Баъд аз пора кардани қатъномаи Маҷмаи умумӣ дар соли 1975 аз сӯи сафири ин режим, ки саҳюнизмро навъе аз нажодпарастӣ эълом карда буд, ин дуюмин боре аст, ки ин режим чунин иқдомеро анҷом медиҳад.

Козими Ғарибободӣ дар идома таъкид кард, ин рафтор собит мекунад, ки кори комиссиюни таҳқиқ бояд идома ёбад.

Гелиод Ордан, намояндаи режими саҳюнистӣ дар Созмони Милал рӯзи ҷумъа дар нишасти Маҷмаи умумии ин созмон гузориши раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ба Маҷмаи умумиро, ки ба ҷиноятҳои ин режим ишора карда буд, пора кард.

Гелиод Ордан зимни пора кардани гузориши раиси Шӯрои ҳуқуқи башар эълом кард, ҷои ин гузориш дар зубола аст.

 

Барчасп