Ноябр 03, 2021 12:06 Asia/Dushanbe
  • Ваксинаҳои эронии корона асарбахшии бисёр қобили қабул доранд

Муовини дармони Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: Натоиҷи мутолеот нишон медиҳад, ваксинаҳои эронии корона асарбахшии бисёр қобили қабуле доранд ва аворизи онҳо қобили чашмпӯшӣ аст.

Қосим Ҷонбобоӣ дар ҳошияи ҷаласаи кумитаи илмии кишварии Ковид - 19 дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: Ваксинаҳои эронии корона, ки дар ҳоли истифода ҳастанд, камтарин оризаро доранд.

Вай идома дод: Асарбахшии онҳо ҳам дар болин ва ҳам дар озмоишгоҳ таъйид шудааст ва ба иборате онҳо ваксинаҳои асарбахше ҳастанд.

Ҷонбобоӣ хотирнишон кард: Асарбахшии муносиби ваксинаҳои коронаи эронӣ монанди Баракат ва ПостуКовакро, ки муҷаввизи истифодаи изтирорӣ дарёфт кардаанд, дар ҷомеа мушоҳида мекунем.

Вай бо таъкид бар ин ки дар ҳоли ҳозир зарфияти тавлидоти дохилии ваксинаи корона қобили тавваҷуҳ аст, гуфт: Зерсохтҳо фароҳам шуда то ваксинаи мавриди ниёзи кишвар тавлид ва худкифо шавем.

Муовини дармони Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: Давлат дар шароите маҷбур ба воридоти ваксинаи корона буд то мардум аз ваксинатсия ақиб науфтанд, аммо бо тавваҷуҳ ба фароҳам шудани зерсохтҳои мавҷуд дар кишвар, ин маҷмӯа бояд ниёзҳои кишварро бартараф кунад.

 

 

 

 

Барчасп