Занги истикборситезӣ дар мадрасаҳои саросари Эрон навохта шуд
Занги истикборситезӣ дар остонаи 13 обон - Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ ва рӯзи Донишомӯз, бо ҳузури сарпарасти Вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон навохта шуд.
Маросими намодини навохтани занги истикборситезӣ субҳи чаҳоршанбе бо ҳузури Алиризо Козимӣ, сарпарасти Вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон дар дабиристони писаронаи шаҳид Кадхудоии Теҳрон баргузор шуд.
Ҳамзамон бо ин маросим, дар соати ҳашти субҳ занги истикборситезӣ дар саросари Эрон низ навохта шуд.
Бар асоси мусаввабаи ҳаштсаду панҷоҳу чаҳорумин ҷаласаи Шӯрои олии омӯзиш ва парвариши Эрон, навохтани занги муносибатҳои миллии исломӣ дар мадориси кишвар сомондеҳӣ ва муқарар шудааст, дар тӯли соли таҳсилӣ фақат се занги хос ба сурати ҳамзамон дар мадориси кишвар дар се муносибати оғози соли таҳсилӣ, гиромидошти Дифои муқаддас (аввали меҳр) рӯзи Донишомӯз ва истикборситезӣ (13 обон) ва занги инқилоби исломӣ (12 баҳман) навохта шавад.
Имсол ба далели ҳамзамонии 13 обон бо рӯзи панҷшанбе ва таътилии мадорис, занги истикборситезӣ рӯзи чаҳоршанбеи 12 обон навохта шуд.