Ноябр 04, 2021 13:14 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Зарфиятҳои Симнон фурсати иштиғол ва арзиши афзӯдаи қобили таваҷҷӯҳе дорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, зарфиятҳои мутанаввеъи устони Симнон, шарқи Теҳрон фурсати иштиғолу арзиши афзӯдаи қобил тавваҷуҳ дорад.

Саидиброҳим Раисӣ рӯзи панҷшанбе дар замон вуруд ба устони Симнон дар қолаби нуҳумин сафари устонии давлати сездаҳум, ибрози умедворӣ кард, дар нишаст бо масъӯлони устонӣ дар ҳавзаҳои мухталифу фаъолони иқтисодӣ, тасмимҳои хубе барои тавсеаи ин устон иттихоз шавад.

Раисӣ тасреҳ кард, устони Симнон зарфиятҳои мутанаввие дорад, аз кишоварзӣ то санъату маъдан ва агар ин зарфиятҳо, бо вуҷӯди мушкилот, дурусти мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, метавон афзоиши иштиғолу тавлид ва баҳравариро рақам зад.

Бар асоси ин гузориш, раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро дар сафар ба Симнон, муовини иҷроӣ, раиси Созмони барнома ва буҷет ва вазирони кишвар, ҷиҳоди кишоварзӣ, санъат, маъдану тиҷорат, додгустарӣ, беҳдошт, дармону омӯзиши пизишкӣ, роҳу шаҳрсозӣ ва мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ ва муовини тавсеаи рӯстоӣ ва манотиқи маҳрӯми кишвар ҳамроҳӣ мекунанд.