Силии сипоҳ ба Амрико ; нокомии Вашингтон дар дуздии нафти Эрон
Размандагони Эрони исломӣ дар неруи дарёии Сипоҳи посдорон бори дигар иқтидору ҷиддияти худро дар дифоъ аз манофеи кишвар нишон доданду шикасти дигар бар неруҳои террористи амрикоӣ дар минтақа таҳмил карданд .
Дар ҳоле ки мақомоти Амрико дар рӯзҳои ахир суханони таҳдидомез зидди Эронро такрор мекунанд, далермардони неруии дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо иқдоми бамавқе ва муқтадирона дар обҳои баҳри Уммон, амалиёти киштии амрикоӣ барои дуздии нафти Эрон аз як нафткашро ноком гузоштанд .
Неруҳои амрикоӣ як нафткашро, ки ҳомили нафти содиротии Эрон буд дар обҳои дарёии Уммон мусодира ва бо интиқоли маҳмӯлаи нафтии он ба як нафткаши дигар онро ба сӯи мақсадии номаълум ҳидоят карданд . Ҳамзамон далермардони неруии дарёии Сипоҳ бо иҷрои амалиёти десантӣ бар рӯйи аршаи нафткаш онро ба тасарруфи худ дароварданд ва онро ба сӯи обҳои сарзаминии Эрон ҳидоят карданд . Дар идома неруҳои террористи Амрико бо истифода аз чандин чархболу киштии ҷангӣ ба таъқиби нафткаш пардохтанд, аммо бо вуруди қотеъона ва муқтадиронаи неруҳои ҷонбаркафи Сипоҳ ноком монданд .
Ин амалиёти дарёии Сипоҳи посдорон бори дигар собит кард неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумла Сипоҳи посдорон ҳамонанди даврони дифои муқаддас дар ҳифозат аз тамомияти сарзаминӣ ва истиқлолу амнияти мардум аз ҳеҷ иқдоме фурӯгузор намекунанд ; пештар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 8 январи 2020 дар посух ба ҷинояти Амрико дар ба шаҳодат расондани сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ-фармондеҳи неруии Қудси Сипоҳи посдорон ва ҳамроҳони вай ، бо 13 мӯшак пойгоҳи амрикоии Айнуласадро дар устони Аланбор дар ғарби Ироқ ҳадаф қарор дод .
Ин ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи низомиёни Амрико, ки дар навъи худ беназир буд, бахше аз тавони боздорандагӣ ва таҳоҷумии неруҳои мусаллаҳи Эронро барои душманон ва дар садри онҳо Амрико ошкор кард .
Воқеият ин аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон дар арсаҳои мухталифи дифоӣ назири мушакӣ, дифои зиддиҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ пешрафтҳои бисёр доштааст ва дар ҳавзаи паҳподӣ ҳам тавонистааст дар зумраи кишварҳои бузурги ҷаҳон қарор гирад .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муъаззами инқилоб дар зарурати афзоиши тавони дифои кишвар таъкид кардаанд : Дар дунёе ки қудратҳои « зӯргӯ, султагар ва дорои камтарини ҷавҳараи ахлоқ ва виҷдону инсоният » ҳоким ҳастанд ва аз таҷовуз ба кишварҳову куштори инсонҳои бегуноҳ ҳеҷ ибое надоранд, тавсеъаи саноеъи дифоӣ ва таҳоҷумӣ комилан табиӣ аст, зеро ин қудратҳо то иқтидори кишварро эҳсос накунанд, амният таъмин нахоҳад шуд .
Дар ҳамин росто неруи дарёии Сипоҳи посдорон низ, ки нақши асосӣ дар ҳифозату амнияти обҳои сарзаминии Эрон дорад, бо истифода аз сомонаҳои навини ҷанги электронӣ тавонистааст назорати комил бар ҷуғрофиёии халиҷи Форсу тангаи Ҳурмуз ба даст оварад, ки ин масъала имрӯз яке аз ифтихороти неруии дарёии сипоҳ аст .
Муассисаи амрикоии GFP дар бораи қудрати дифоии Эрон эълом кард,ки дар ҳавзаҳое аз ҷумла « сохти анвоъи паҳподҳои пешрафтаи бӯмӣ », « сохти анвоъи киштиҳои хурд,танку чархболи бӯмӣ », « сохти анвоъи мӯшак ( круз ва баластикӣ ) », « сохт силоҳҳои сабуки низомӣ », « қарор гирифтани ҷузви ҳафт кишвари мушакии дунё », « қарор гирифтани ҷузви ду кишвари созандаи аждарҳои ҳубобсоз » ва « қарор гирифтани ҷузви панҷ кишвари созандаи зеробиии дунё » бахшӣ аз дастовардҳои дифоии Эрон пас аз инқилоби исломӣ аст .
Ин дар шароите аст ки Амрико бо ҳадафи тазъифи Эрон ва неруҳои мусаллаҳи ин кишвар ҳамаи таҳримҳоро ба кор гирифта ва ҳатто Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дар рӯйхати ба истилоҳ гуруҳҳои террористии худ қарор додааст . Бо ин ҳол неруии дарёии сипоҳ бо ноком гузоштани иқдоми неруҳои Амрико дар рабудани нафти содиротии Эрон дар баҳри Уммон бори дигар нишон дод, ин неру барои ҳар таҳдиде омодагӣ дорад ва қудрати дифоӣ ва таҳоҷумии Сипоҳи посдрон барои вокунишҳои сахт ба ҳар душман комилан омода ва сареъ аст .
Дар ҳамин иртибот сарлашкар Ҳусайни Саломӣ-фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кардааст: Неруи дарёии сипоҳ дар ояндаи наздик ба як неруи мусаллам дар тарози инқилоби исломӣ ва қотеъ барои дифо аз манофеи ҳаётии Эрон дар дарё хоҳад расид ва қудрати таъқиби душман дар аъмоқи тӯлонитарро ба рух хоҳад кашид .
Бештар бихонед :