Дидори сафири Тоҷикистон бо устондори Ҳурмузгон
(last modified Fri, 05 Nov 2021 12:13:19 GMT )
Ноябр 05, 2021 17:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон бо устондори Ҳурмузгон

Панҷшанбеи 3 ноябри соли 2021 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон - Низомиддин Зоҳидӣ бо устондори Ҳурмузгони Ҷумҳурии Исломии Эрон - Маҳдии Дӯстӣ мулоқот кард.

Ба гузориши сомонаи хабарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон,  дар ин дидор масъулони иқтисодиву тиҷоратии устони Ҳурмузгон низ ҳузур доштанд.

Ҷонибҳо, бо назардошти зарфиятҳои бузурги транзитию нақлиётии устони Ҳурмузгон, масъалаҳои истифодаи имконоти бандарҳои он, ба вижа Бандар-Аббосро дар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Ҳамзамон, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маодин ва кишоварзии Ҳурмузгон аз ироаи пешниҳоди эҷоди дафтари намояндагии ширкатҳои ҳамлу нақли тоҷикистонӣ аз сӯи Утоқи бозаргонии Ҳурмузгон ба сафири Тоҷикистон дар Теҳрон хабар дод.

Ҳамчунин дар мулоқот ҷониби эронӣ зарфиятҳои иқтисодиву тиҷоратии устони Ҳурмузгонро муаррифӣ намуда, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард.

 

Image Caption

 

Бештар бихонед: