Суъуди варзишкори эронӣ ба ниманиҳоии мусобиқоти тапончаи бодии Ҷоми раёсати Федератсияи ҷаҳонӣ
Ҷаводи Фурӯғӣ, варзишкори эронӣ дар ҷараёни мусобиқоти Ҷоми раёсати Федератсияи ҷаҳонӣ, ки дар кишвари Полша баргузор мешавад, ба ниманиҳоии микси тапончаи 10 метрии бодӣ суъуд кард.
Ба гузориши ИРНА, мусобиқоти Ҷоми раёсати федератсияи ҷаҳонӣ аз дирӯз - панҷшанбе бо баргузории тамрини расмӣ оғоз шуд ва пас аз он Ҷаводи Фурӯғӣ, танҳо намояндаи Эрон дар ин рақобатҳо ба ҳамроҳи варзишкоре аз кишвари Ҳинд мусобиқаи худро дар риштаи микси тапончаи 10 метрии бодӣ оғоз кард ва дар ниҳоят бо имтиёзи баробар бо радаи дувуми ҷадвал, дар ҷойгоҳи сеюми марҳалаи муқаддамотӣ қарор гирифтанд ва роҳии марҳалаи ниманиҳоии ин мусобиқот шуданд.
Марҳалаи ниманиҳоии ин рақобатҳо дар риштаи микси тапончаи 10 метрии бодӣ имрӯз - ҷумъа баргузор мешавад.
Бештар бихонед:
- Вокуниши Сафорати Эрон дар Сеул ба иддаои ғайриварзишии варзишкори Кореяи Ҷанубӣ алайҳи Ҷаводи Фурӯғӣ
- Маросими эҳдоии медали тиллои олимпии 2020 Токио ба Ҷаводи Фурӯғӣ + видео