Ноябр 07, 2021 14:17 Asia/Dushanbe
  • Содироти бензин ба Лубнону Амрикои лотин Кохи Сафедро асабонӣ кардааст

Узви комиссиюни барномаву буҷети Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт : Мақомоти Кохи Сафед талош мекунанд, то содироти сӯхти Эронро дучори мушкил кунанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эҳсони Арқонӣ бо ишора ба дуздии дарёии ахири Амрико аз нафткашҳои эронӣ дар дарёи Уммон гуфт : Амрико дар 43 соли гузашта ҳамвора бо миллати Эрон ва иродаи онҳо муқобила кардааст .

Узви комиссиюни барномаву буҷети маҷлис афзуд : Амрико монеъи озодсозии пӯлҳои блокашудаи Эрон ва анҷоми мубодилоти молии Ҷумҳурии исломии Эрон бо соири кишварҳо шуд ба ҳамин далел Эрон натавонист манобеи ҳосил аз фурӯши нафтро ба кишвар бозгарданд .
Арқонӣ тасреҳ кард : Амрико мутаваҷҷеҳ шудааст Ҷумҳурии исломии Эрони бо вуҷуди фишори таҳримҳо масири худро муқтадирона идома медиҳад .
Узви комиссиюни барномаву буҷети маҷлис ҳамчунин гуфт : Асабонияти Амрико аз давр задану хунсо кардани таҳримҳо ба ҳадде афзоиш ёфтааст, ки неруҳои низомии ин кишвар дар минтақа масири оддии ҳаракати як нафткашро сад карда ва иқдом ба дуздии нафти Эрон кардаанд .

Арқонӣ бо ишора ба иқдоми шуҷоъонаи сипоҳи посдорон дар бозпасгирӣ нафткаши эронӣ гуфт : Посухгуӣ дар лаҳза аз сӯи неруҳои мусаллаҳ дар баробари таҷовузоти ғарбиҳо роҳи ҳар гуна таҷовузу коршиканӣ ва зиёдахоҳии Амрико дар минтақаро мебандад .
Далермардони неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо иқдоми саривақтӣ ва муқтадирона дар обҳои баҳри Уммон амалиёти киштиии амрикоӣ барои дуздии нафт аз як нафткашро ноком гузоштанд.

 

Барчасп