Ноябр 08, 2021 14:15 Asia/Dushanbe
  • Ин размоиш бо ҳузури нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ баргузор мешавад
    Ин размоиш бо ҳузури нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ баргузор мешавад

Размоиши муштараки “Зулфиқор – 1400” –и артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аз рӯзи якшанбе бо номи “Муқаддас ё расулуллоҳ (с)” оғоз шуд.

Ин размоиш бо ҳузури воҳидҳои пиёда, зиреҳӣ ва механизаи Нерӯи заминӣ, сомонаҳои падофандии Нерӯи падофанди ҳавоӣ, шиноварҳои сатҳӣ ва зерсатҳии Нерӯи дарёӣ бо пуштибонии ҷангандаҳо ва паҳподҳои Нерӯи ҳавоӣ дар савоҳили Макрон, ҷануби Эрон баргузор мешавад.

Амири сартипи дувум Тақӣ Хонӣ, сухангӯи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар ташреҳи паёми размоиши “Зулфиқор – 1400” дар дарёи Уммон барои мардуми Эрон ва низ кишварҳои дӯст ва душман гуфт: Артиш ва маҷмӯаи Нерӯҳои мусаллаҳ ҳамвора бояд омода бошанд ва дар воқеъ ҳифзу иртиқои ин омодагӣ замонате барои сулҳи пойдор дар кишвар ва марзҳои Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Густардагии минтақаи амалиёт, доштани иттилооте боло, бакоргирии таҷҳизоту муҳимоти ҳушманди бумӣ, ҳузури ягонҳои паҳподӣ, баҳрабардорӣ аз тавони ҷангҳои электронии “Ҷангол” ва сомонаи фармондеҳии контроли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, аз вижагиҳои ин размоиш аст.

“Ҷангол” ё ҷанги электронӣ, ки дар забони англисӣ бо унвони “Electronic CounterMeasure (ECM) шинохта мешавад, дар воқеъ баёнгари корбурди электронӣ ва амвоҷи электромағнотис дар набрадҳо аст ва шомили иртибототи радиоӣ, эҷоди ихтилол дар иртибототи радиои душман ва шунуди гуфтугӯҳои душман мешавад.

Аввалин нуктае, ки дар баёни аҳамияти ин размоиш бояд гуфт, ин аст, ки Эрон ба унвони кишваре қудратманд дар арсаи низомӣ дар минтақаи дорои аҳдофе роҳбурдӣ аст, ки барои таъмини амнияти худ ва марзҳояш бояд омодагии размӣ дар сатҳи боздорандагӣ ва посух ба ҳар гуна таҳоҷуму таҳдидҳои душманонро дошта бошад.

Сухангӯи размоиш бо таъкид бар ин нукта хотирнишон кард: Ҳушдоре барои душманон дорем то муроқиб бошанд ҳар гуна фикри нобихрадона дар мавриди Ҷумҳурии исломӣ ва марзҳои Эрон накунанд.

Дуюмин нуктаи ҳоизи аҳамият дар ин размоиш, баргузории он дар савоҳили Макрон аст, ки аз ҷанбаи ҳифзи амнияти минтақа ҳоизи аҳамияти вижае аст.

Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора эълом карда, ки барои амнияти дарёии Уммон, тангаи Ҳурмуз ва халиҷи Форс ба унвони яке аз муҳимтарин оброҳҳои байналмилалӣ аҳамияти зиёде қоил аст. Рӯйкарди Эрон дар ин замина таъкид бар зарурати таъмини амният ба дасти кишварҳои минтақа аст. Зеро кишварҳои минтақа бо ҳамкории якдигар метавонанд амнияти минтақаро таъмин кунанд. Таҷриба нишон додааст, ки ҳузури кишварҳое монанди Амрико ба ҷои ин ки амниятовар бошад, маншаи ноамнии минтақа будааст.

Сеюмин нуктае ки метавон дар баёни аҳамияти ин размоиш баён кард, истифода аз таҷҳизоти пешрафтаву пурқудрате назири анвои паҳподҳои пешрафтаву сомонаҳои пурқудрати падофанди ҳавоӣ ва соири таҷҳизоти бумӣ дар ин размоиш аст. Дар мароҳили амалиётии размоиши паҳподи бумии “Симурғ” Нерӯи дарёии артиш муваффақ ба инҳидоми як ҳадафи мутаҳаррики шиноварӣ дар обҳои дурдаст бо истифода аз бомбаҳои ҳушманду нуқтазани тамоман эронӣ шуд.

Иҷрои амалиёти гашту шиносоии шабона тавассути паҳподҳои Нерӯи дарёии артиш низ аз ҷумлаи дигар иқдомоти иҷрошуда дар ин марҳала аз размоиши “Зулфиқор -1400” –и артиш буд.

Муассисаи мутолеоти дифоӣ ва амниятии Англия дар гузорише таъкид мекунад, пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаи тавонмандиҳои дифоӣ як инқилоби фаннии тамом айёр аст.

Ҷек Вотлинг, аз муҳаққиқони Муассисаи хадамотрасонии муттаҳиди салтанатӣ дар ин бора мегӯяд: Эрон метавонад дар қолаби боздорандагии муассир, вокунише ҳисобшуда ба ҳар гуна иқдоми низомии эҳтимолӣ нишон диҳад. Бинобар ин, душманони Эрон барои иқдоми низомӣ алайҳи ин кишвар муҳосиба хоҳанд кард.

Андешакадаи “Американ Интерпрайз” ҳам чанде қабл дар таҳлиле перомуни қудрати низомии Эрон навишт: Докторинаи низомии Эрон умдатан бар асоси таҷрибаҳои низомӣ, бо ҳадафи пайдо кардани роҳиҳалҳои муассир ва амалӣ барои чолишҳои амниятӣ дар чорчӯби аҳдофи геостратегӣ гирифта шудаааст.

Дар ҷамъбандии аҳамияту паёмҳои ин размоиш бояд гуфт, баргузории размоишҳои Эрон дар сутӯҳи боло дар воқеъ тавоноиҳои Эронро дар муқобила бо таҳдидҳову ҳамалоти душман нишон медиҳад. Аз ин дидгоҳ паёми размоиши “Зулфиқор – 1400” ҳушдоре ба душманон ва таъкид бар амнияти ҷамъӣ дар минтақа аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп