Баррасии роҳҳои густариши ҳамкориҳои Эрону Словакия
Роҳҳои густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Словакия дар дидори вазири умури хориҷии Эрон бо раисҷумҳури Словакия дар Братислава баррасӣ шуд.
Ба иттилои идораи кулли дипломатияи расонаии Вазорати умури хориҷии Эрон Андрей Киска, раисҷумҳури Словакия дар дидор бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар Братислава Эронро кишвари бузургу аз назари иқтисодӣ дар минтақа пештоз дониста гуфт, Теҳрон нақши созандае дар суботу амнияти минтақаи Ховари Миёна дорад. Раисҷумҳури Словакия афзуд, ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалии Эрон бо Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Словакия дар ҳоли густариш аст.
Вазири умури хориҷии Эрон низ бо баёни ин ки музокироти ҳайати бузурги иқтисодии Эрон дар Словакия метавонад заминасози густариши равобити ду кишвар шавад, гуфт, шароит барои сармоягузориҳои муштарак фароҳам аст. Зариф ҳамчунин бо ишора ба вазъи ногувори инсонӣ дар Сурия ва Яман гуфт, Иттиҳоди Аврупо бояд дар масъалаи расонидани кӯмакҳои башардӯстона ва ёфтани роҳҳалли сиёсӣ барои ин кишварҳо нақши муҳимтаре ифо кунад.
Вазири умури хориҷии Эрон, ки ин сафарашро ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ аз Руминия оғоз намудааст, бомдоди рӯзи панҷшанбе вориди Братислава, пойтахти Словакия шуд.