Ноябр 09, 2021 15:40 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон ва Беларус дар заминаи тавсеаи ҳамкориҳои кишоварзӣ

Эрон ва Беларус бо имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, муносиботи дуҷониба дар заминаи тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ, боғӣ,моҳӣ ва обзипарвариро густариш хоҳанд дод.

Дар поёни дуюмин коргурӯҳи ҳамкориҳои кишоварзии Эрон ва Беларус, ки ба мизбонии шаҳри Минск, пойтахти Беларус баргузор шуд, ду кишвар ёддошти тафоҳуме имзо карданд, ки бар асоси он равобити тиҷориву бозаргонӣ дар заминаи маҳсулоти кишоварзӣ, боғӣ, шилот ва обзипарварӣ густариш хоҳад ёфт.

Ҳайати Ҷумҳурии исломии Эрон ба сарпарастии Аббоси Аскарзода, муовини тавсеаи бозаргонии Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон дирӯз (душанбе) барои ширкат дар дуюмин коргурӯҳи ҳамкориҳои кишоварзии Эрон ва Беларус вориди Минск - пойтахти Беларус шуд.

Аскарзода дар поёни ин нишаст бо ибрози хурсандӣ аз таҳкими муносиботи Теҳрон ва Минск, аз тавофуқи ду кишвар барои ҷаҳиши қобили мулоҳизаи ҳамкориҳои кишоварзиву иқтисодӣ хабар дод.

Алексей Богданов, муовини вазири кишоварзӣ ва хорубори Беларус низ бо ишора ба рушди қобили тавваҷуҳи табодулоти тиҷории ду кишвар дар ҳавзаи кишоварзӣ дар солҳои 2020 ва 2021 гуфт, тарафайн метавонанд ба таъмини қобили тавваҷуҳи ниёзмандиҳои тарафи муқобил бипардозанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп