Таҳлил : Таҳримҳои якҷониба, монеъӣ барои таъмини аҳдофи тавсеа
Сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид гуфт: Таҳримҳои якҷониба монеъи дастрасии кишварҳои мутаассир аз таҳрим ба манобеи молӣ ва тавсеъаи мавриди ниёз барои таъмини аҳдофи тавсеъаи пойдор мешавад .
Маҷиди Тахтиравончӣ дар суханоне дар Шӯрои Амнияти Созмони Миллал бо мавзӯи " Ҳифзи сулҳу амнияти байналмиллалӣ : маҳрӯмият, нобаробарӣ ва мунозиъот " афзуд : Мавзӯъоте монанди маҳрӯмият ва нобаробарӣ метавонанд ба унвони муҳаррикҳои воқеъии омилҳои ташдидкунандаи мунозиъот амал кардаву фурсатҳоро барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар кишварҳои даргир дар мунозиъот тазъиф кунанд .
Дар даҳаҳои ахир таҳримҳои иқтисодӣ ба абзори муҳим барои кишварҳои қудратманд ва таҳти фишор қарор додани соири кишварҳо дар арсаи ҷаҳонӣ табдил шудааст . Аз авоили даҳаи 1990 милодӣ Амрико,Иттиҳодияи Аврупо ва соири иқтисодҳои тавсеаёфта садҳо навбат таҳрими иқтисодӣ алайҳи дигар кишварҳо ҷорӣ кардаанд . Ин таҳримҳо бештар ба баҳонаҳое ҳамчун манъи густариши таслеҳоти ҳастаӣ ва ё тарвиҷи ҳуқуқи башар вазъ мешаванд, аммо ҳамвора аҳдофи сиёсӣ ва ҷоҳталабона дар пушти ин таҳримҳо қарор дорад .
Кишварҳои таҳримкунанда ҳамчунин муддаӣ ҳастанд, ки аъмоли таҳримҳо ، гузунаи ҷойгузини иқдоми низомӣ аст .
Вудро Вилсон-раиси ҷумҳӯри собиқи Амрико ( аз 1913 то 1921 ) гуфта буд : " Миллате ки таҳрим шудааст дар маърази таслим ё муҳосира аст ; ин чораи иқтисодии сулҳомез, сокит ва маргборро амалӣ кунед ва ниёзе ба неруи низомӣ нест . "
Ин дар ҳоле аст, ки осори зиддибашарии таҳримҳо бар мардуми кишварҳои таҳти таҳрим қобили инкор нест .
Таҳқиқоти Маттиас Неункриш ва Флориан Неумар-пажӯҳишгарони иқтисодӣ дар бораи асари таҳримҳо бар кишварҳои мухталиф нишон медиҳад таҳримҳо мӯҷиби нобаробарии даромад, фақр ва коҳиши рушди тавлиди нохолиси дохилии кишварҳои ҳадаф мешавад . Ба унвони мисол таҳримҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрико байни солҳои 1991 – 2018, ҳудӯди 3. 5 дарсади фақрро дар кишварҳои ҳадаф афзоиш ва мизони рушди тавлиди нохолиси дохилии саронаи кишварҳои ҳадафро беш аз 2 дарсад коҳиш додааст . Ҳамчунин таҳримҳои Созмони Миллал байни солҳои 1976 то 2012 мунҷар ба коҳиши 25.5 дарсадии кулли тавлиди нохолиси дохилии саронаи кишварҳои ҳадафи таҳрим шудааст .Дар Эрон низ, ки ҳадафи таҳримҳои якҷонибаи Амрико қарор дорад, тиҷорати кишвар таҳти таъсир қарор гирифтаву бахше аз манобеи молии давлат ҳазф ва ё блока шуда ва ин мӯҷиби афзоиши фақр, таваррум ва фишори иқтисодӣ бар мардум шудааст ; бинобарин наметавон иддаои таҳримкунандагон мабнӣ бар адами асаргузории таҳримҳо бар мардумро пазируфт . Дарвоқеъ яке аз далоили аслии таҳримҳои шадид алайҳи Эрон фишор овардан бар масъӯлон бо сахт кардани зиндагии мардум аст .
Ҷаводи Солеҳии Исфаҳонӣ-устоди иқтисоди донишгоҳи Вирҷиния дар бораи таъсири ин таҳримҳо дар Эрон байни солҳои 2010 то 2019 мегуяд : Хонаворҳои рӯстоӣ бештарини зарбаро хурдаанд . Аз соли 2010 фақр дар манотиқи рӯстоӣ ду баробар шуда ва дар шаҳрҳо 60 дарсад афзоиш ёфтааст . Рекорди хуби Ҷумҳурии исломии Эрон дар нисф кардани мизони фақр аз 20 дарсад дар соли 2000 ба камтар аз 10 дарсад дар соли 2010 қурбонии коҳиши шадиди даромади давлат ва ҳамзамон шудани таҳримҳои давлати Доналд Трамп ва шуюъи густардаи корона шуд .
Нуктаи асосӣ дар ин аст ки таҳрим аз як сӯ мӯҷиби камбӯди шадиди ниёзҳои аввалияи мардум ва монеъе барои дастрасии кишварҳо ба манобеи молии мавриди ниёз барои тавсеа маҳсуб мешавад ва аз сӯи дигар аз муҳимтарин далоили тадовуму афзоиши мунозиъот дар манотиқи мухталиф ҷаҳон аст . Бар ҳамин асос иқдому ҳамоҳангии байналмилалӣ барои муқобила бо таҳримҳои якҷониба зарурӣ аст .
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал низ ба ҳамин далел таъкид кардааст,ки барои пешгирии муассиртари мунозиъот бояд авомили заминаӣ аз ҷумла иқдомоти якҷонибаи давлатҳову мудохилоти хориҷӣ, ки боиси тӯлонӣ шудани мунозиъот мешавад, дар назари гирифта ва бо онҳо муқобила шавад .
Бештар бихонед :
- Эрон пас аз лағви таҳримҳо ба тааҳҳудоташ дар БарҶом боз мегардад
-
Афзоиши 900 дарсадии таҳримҳои Вазорати хазонадории Амрико алайҳи дигар кишварҳо