Афзоиши 11 дарсадии қимати нафти сангини Эрон
Бар асоси ҷадидтарин гузориши моҳонаи Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК), қимати нафти сангини Эрон моҳи мелодии гузашта (октябри 2021) ҳудуди 11 дарсад афзоиш дошт.
Қимати нафти сангини Эрон дар октябр ба 82 доллару 14 сент дар ҳар бушка расид, ки дар муқоиса бо 74 доллару ҳашт сент дар сентябри гузашта, ҳашт доллару шаш сент, муодили 10. 9 дарсад болотар буд.
Миёнгини қимати нафти сангини Эрон аз ибтидои соли 2021 то кунун 68 доллару 17 сент дар муқоиса бо 39 доллару 70 сент дар муддати мушобеҳи соли 2020 будааст.
Арзиши сабади нафтии ОПЕК дар октябр ҳашт доллару 23 сент, муодили 11. 1 дарсад дар муқоиса бо сентябр афзоиш ёфт ва ба 82 доллару 11 сент дар ҳар бушка расид. Арзиши сабади нафтии ОПЕК таҳти таъсири беҳбуди бештари авомили бунёдини бозор ва қиматҳои пояи болотар барои дуюмин моҳ паёпай афзоиш дошт.
Миёнгини арзиши сабади нафтии ОПЕК аз ибтидои соли 2021 то кунун 68 доллару 33 сент дар ҳар бушка буда, ки 27 доллару 77 сент, муодили 68. 4 дарсад афзоиш дар муқоиса бо 40 доллару 57 сент дар муддати мушобеҳи соли 2020 нишон медиҳад.
Бештар бихонед: