Ноябр 13, 2021 11:08 Asia/Dushanbe
  • Посухи Эрон ба иддаои гузоришгари вижаи СММ

Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон, натоиҷи баррасиҳои худ дар мавриди иддаои як гузоришгари вижаи Созмони милал дар бораи Отно Доимиро мунташир кард.

Ин ситод дар посух ба паёми Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони милал дар хусӯси мудофеъони ҳуқуқи башар ва иддаои ваий мабнӣ бар маҳрӯмияти Отно Доимӣ аз тамос бо хонаводааш, навишт, гузоришгарони вижа бояд ба манобеи муътабар такя кунанд.

Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон афзуд, Доимӣ дар тӯли 7 моҳи гузашта 34 бор бо хонавода ва вакили худ мулоқот кардааст. Вай, ҳамчунин мушкиле барои тамос бо хонаводаи худ, тибқи муқаррароти марбӯта, надорад.

Гуфтанист Мэри Лолор бо интишори паёме иддао карда буд, ман гузоришҳои нигаронкунандае мешунавам мабнӣ бар инки Отно Доимӣ беш аз 2 моҳ аст, ки иҷоза надорад бо хонаводааш тамос бигирад. Ман аз мақомоти эронӣ мехоҳам фавран як тамоси телефонӣ тартиб диҳанд.

Иддаҳои гузоришгари Созмони милал дар ҳоле матраҳ мешавад, ки тамоми зиндониён дар Эрон мутобиқи завобиту муқаррарот, аз ҳақи тамос бо хонавода ва вакил ва мулоқот бо онҳо бархӯрдор ҳастанд.

Бештар бихонед:

Барчасп