Абурайҳони Берунӣ дар феҳристи накӯдоштҳои ЮНЕСКО сабт шуд
Абурайҳони Берунӣ дар феҳристи ҷаҳонии накӯдоштҳои 2023 – 2022 ЮНЕСКО ба таври муштарак барои Эрон, Узбекистону Тоҷикистон ба сабт расид.
Дар ҷаласаи 11 ноябри 2021 Комиссиони авлавияти ЮНЕСКО, « ҳазору панҷоҳумин соли таваллуди Абурайҳони Берунӣ» ба таври муштарак байни Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Узбекистону Тоҷикистон бо тасвиби аъзо дар феҳристи ҷаҳонии накӯдоштҳои ЮНЕСКО барои бозаи 2023 – 2022 қарор гирифт то пас аз сабти ҷаҳонии парвандаҳои « 800-умин соли ҳаёти фаъоли Шамси Табризӣ бар мабнои дидори ирфонии Шамс ва Мавлоно» ва «ҳазору панҷоҳумин соли милоди Шайх Харақонӣ» теъдоди накӯдоштҳои сабт шуда аз машоҳири эронӣ дар феҳристи ЮНЕСКО ба 42 маврид бирасад.
Абурайҳони Берунӣ бо осоре ҳамчун «ал Тафҳим» дар риёзиёт ва нуҷӯм, «Осори ал Боқия» дар таъриху ҷуғрофиё ва «Таҳқиқ ул Молул-Ҳинд» дар ҳавзаи мардумшиносӣ бар таърихи пурифтихори дониши башарӣ медурхшад ва асари арзишманди «Осори ал Боқия»-и ӯ, ки тавасссути ҳокими хирадманду донишдӯст Қобус бин Вашмгир (дар соли 390 то 391 ҳиҷрӣ) ҷамъоварӣ шуд, намунаи боризе аз илмдӯстии эрониён аст.