Ноябр 15, 2021 11:07 Asia/Dushanbe
  • Таслияти фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума ( с )

Имрӯз ( душанбе ) 10 рабеъус-сонии 1443 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 15 ноябри 2021 солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума ( с )-хоҳари гиромии ҳазрати Имом Ризо ( ъ )- набераи Паёмбар ( с ) аст .

Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотимаи Маъсума ( с ) дар шаҳри муқаддаси Қум воқеъ шудааст. Ин шаҳр дар солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума ( с )-духтари имом Мусои Козим ( ъ ),  набераи паёмбар ( с ) ғарқ дар сӯгу мотам аст .

Мардуми ин шаҳр бо барафроштани парчамҳову байрақҳои сиёҳ ба нишонаи азо, иродати худ ба ин бонӯи ислом ва ишқу иродати худро ба хонадони аҳли байти исмату таҳорат ( ъ ) ба намоиш мегузоранд .

Мардуми Эрони исломӣ ҳар сол дар солрӯзи вафоти набераи Паёмбар ( с ) бо ҳузур дар ҳусайнияҳо, масоҷид, ҳарами мутаҳҳари ишон дар Қум ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо ( ъ ) дар Машҳади муқаддас азодорӣ мекарданд, ки имсол ба далели шуюъи вируси корона ин маросимҳо ба сурати маҷозӣ ва зиёрат аз роҳи дур анҷом мешавад.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Маъсума ( с )- набераи Паёмбар ( с )-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон таслият мегуяд .

 

Барчасп