Омодагии Эрон барои ҳамкорӣ бо кишварҳои ғарби Африқо дар мубориза бо терроризм
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози таассуф аз ҷон бохтани теъдоде аз шаҳрвандони Буркина - Фасо бар асари ҳамлаи террористӣ дар ин кишвар гуфт: Эрон омодаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ғарби Осиё дар мубориза бо терроризм аст.
Ба гузориши рӯзи сешанбеи Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон изҳори таассуфу таъсири амиқи Ҷумҳурии исломии Эрон бобати ҷон бохтани теъдоде аз шаҳрвандони Буркина- Фасо бар асари ҳамлаи террористии ахир дар ин кишварро иброз дошт.
Хатибзода ҳамчунин зимни таслият ба давлат, бо мардум ва бозмондагони қурбониёни ин ҳодисаи террористӣ ибрози ҳамдардӣ кард ва бо маҳкум намудани ҳар гуна иқдоми террористӣ, омодагии Эрон барои ҳамкорӣ ва ироаи таҷрибиёти худ ба давлати Буркина – Фасо ва дигар кишварҳои дӯст дар минтақаи ғарби Африқо, ҷиҳати мубориза бо терроризмро эълом кард.