Ноябр 17, 2021 17:24 Asia/Dushanbe
  • Ихтиёроти Шӯрои амният беҳадду ҳаср нест

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал изҳор дошт, ин шӯро наметавонад ба сурати дилхоҳ ё бидуни тавваҷуҳ ба ҳуқуқи байналмилал иқдом кунад.

Маҷиди Тахтиравончӣ ба вақти маҳаллӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал дар хусуси ислоҳоти Шӯрои амният гуфт, арзёбии амалкарди Шӯрои амният нишон медиҳад, ки нокоромадии физояндаи он мунҷар ба буҳрони машруият ва эътибору коҳиши ҷиддии эътимоду итминон ба ин ниҳод шудаву ислоҳи онро иҷтинобнопазир сохтааст.

Болотарин мақоми дипломатии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Иилал афзуд: Ҳадафи ниҳоии раванди ислоҳоти Шӯрои амният бояд расидагӣ ба тамоми чолишҳову нокоромадиҳои кунунии он ва табдил кардани он ба наҳоде воқеан муассир, шаффоф, посухгӯ ва қабл аз ҳар чиз қонунманд бошад.

Тахтиравончӣ изофа кард: Мо аз афзоиши аъзои шӯро ба унвони иқдоме барои рафъи нобаробарии мавҷуд дар ҳузури намояндагони манотиқи мухталиф дар он ҳимоят карда, вале ин иқдомро ба худии худ як ҳадафи мустақил қаламдод намекунем.

Сафири Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Ҳарчанд дар ҳоли ҳозир талошҳое ҷиҳати тамаркузи бештар бар афзоиши аъзои шӯро ва муаррифии ин иқдом ба унвони муодили ислоҳу короии шӯро вуҷуд дорад, вале баҳс дар мавриди афзоиши аъзои шӯро наметавонад ба қимати бетаваҷҷуҳӣ ба масоили дигар идома ёбад.

Тахтиравончӣ изҳор дошт: Афзоиши аъзои шӯро ҳар қадар ҳам, ки муҳим бошад, танҳо яке аз аҳдофи мутааддид дар фароянди ислоҳоти шӯро аст. Аҳамияти беҳбуди равишҳои кории шӯро ва посухгӯии сохтани он ва тазмини ин ки тамоми тасмимоти ин ниҳод тибқи аҳдофу усули Созмони Милал ва ҳуқуқи байналмилал гирифта мешавад, ба ҳеҷ ваҷҳ камтар аз аҳамияти афзоиши аъзои шӯро нест.

Вай таъкид кард, ислоҳоти Шӯрои амният бояд ба унвони як фароянди ҷомеъ дар назар гирифта шавад ва дар он бояд ҳар панҷ мавзӯи аслӣ таҳти баррасии баробар фарз шуда ва ба таври комил ва дар қолаби як маҷмӯаи муртабит бо ҳам мавриди баҳс қарор гирад. Бинобар ин бояд аз тасмими рӯйкардҳои гузинишӣ иҷтиноб гардад.

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал гуфт: Агарчӣ Эрон аҳамияти зиёде барои тазмини «намояндагии одилона» дар Шӯрои амният қоил аст, вале ин амрро барои беҳбуди коромадии ин ниҳод кофӣ намедонад.

Вай изофа кард, дар ҳоли ҳозир Ғарб ҳузуру нуфузи қавӣ дар Шӯрои амният дорад ва се кишвари ғарбӣ дорои Вето низ ҳастанд. Ин дар ҳоле аст, ки манотиқи ҷуғрофиёии дигар ҳам аз назари теъдоди аъзо дар шӯро ва ҳам аз назари бархӯрдорӣ аз соири имтиёзот, аз ҷумла Вето дар вазъияти нобаробарӣ қарор доранд. Ин ба маънои нобаробарӣ дар «миёни манотиқ» аст.

 

Барчасп