Хатибзода: Имзои раиси ҷумҳурии Амрико қобили иттико нест
(last modified Fri, 19 Nov 2021 11:57:50 GMT )
Ноябр 19, 2021 16:57 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Имзои раиси ҷумҳурии Амрико қобили иттико нест

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, шарти бозгашти Амрико ба БарҶом, бардоштани таҳримҳо ба сурати муассир , якҷо ва қобили ростиозмоӣ аст ва имзои раиси ҷумҳурии Амрико қобили иттико нест.

Саиди Хатибзода дар мусоҳиба бо Хабаргузории садо ва симо, дар мавриди шароити бозгашти Амрико ба БарҶом афзуд: Бардоштани муассир, якҷо ва қобили ростиозмоии таҳримҳо шарти бозгашти Амрико ба БарҶом аст ва ин тамоми ҳадафи мо аз гуфтугӯҳо дар Вена аст.

Хатибзода идома дод: Агар Амрико бо ҳамин рӯйкард вориди гуфтугӯҳо дар Вена шавад ва омодагии бардоштани таҳримҳо ба сурати якҷо ва қобили ростиозмоиро дошта бошад, қатъан тавофуқ дар кӯтоҳтарин замон қобили дастрасӣ аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Албатта, мо тазминҳое мехоҳем, ки Амрико дубора ҳуқуқи байналмилалро ба масхара нахоҳад гирифт.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Эрон аз ин беамалӣ ва нақз, мутаҳаммили хисоратҳои фаровоне шудааст, ки бояд мавриди тавваҷуҳ қарор гирад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии вақти Амрико 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон дар қиболи БарҶом, кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.