Ноябр 12, 2016 09:22 Asia/Dushanbe
  • Русия: Эрон дар СҲШ мушорикати фаъол дорад

Русия эълом кард, Эрон ба унвони нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мушорикати фаъол дорад ва БАРҶОМ мавонеи ҳуқуқиро барои узвияти Эрон дар ин созмон аз миён бардоштааст.

Ба гузориши ИРНА, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи ҷумъа дар ҷамъи хабарнигорон гуфтааст, Эрон аз соли 2005 ба таври фаъол дар Созмони Ҳамкорҳои Шанхай ба унвони узви нозир мушорикат мекунад. Ӯ афзуд, Теҳрон дар соли 2008 дархости расмии худро барои узвият дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ироа карда,  дар интизори тасмимгирӣ дар ин маврид аст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, пас аз ақди БАРҶОМ дар моҳи июли соли 2015 барои ҳаллу фасли вазъияти барномаи ҳастаии Эрон тамоми монеаҳои ҳуқуқӣ дар масири узвияти ин кишвар дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз миён бардошта шудааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия дар поён бо таъкид ба аҳамияти густариши Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гуфт, афзоиши теъдоди аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай яке аз абзори муҳими афзоиши нақшу нуфузи ин созмони минтақаӣ ва тавсеаи зарфиятҳои сиёсию иқтисодии он аст, ки дар авлавият қарор дорад.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай созмони байнидавлатие аст, ки соли 2001 тавассути раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон поягузорӣ шуд.