Ноябр 20, 2021 13:10 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 20 миллион доз воксани

Муовини муассисаи воксан ва капелнитсасозии Розӣ эълом кард, 20 миллион доз воксани "Розӣ Ковпорс" тавлид хоҳад шуд.

Муҳаммадҳусейни Фаллоҳ, муовини муассисаи  воксан ва капелнитсасозии Розӣ дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, то кунун панҷ миллион доз  воксани Ков Порс тавлид кардаем ва бо судури муҷавизи масрафи фавқулода пайгир ҳастем, ки то поёни соли 1400 бист миллион доз воксан тавлид карда ва дар инхтиёри Вазорати беҳдошт, дармон ва омузиши пизишкии Эрон қарор диҳем.

Фаллоҳ афзуд: Замони тавлиди умумии воксани коронаи "Розӣ Ковпорс" дар сатҳи кишвар вобаста ба тасмими вазорати беҳдошт аст.

Воксани "Розӣ Ковпорс" нахустин воксани тазриқии истиншоқӣ (буёии) пратаини навтаркиби корона аст, ки мутобиқ бо дастуруламали Созмони Ҷаҳони Тандурустӣ ва сахтарин протоколҳои дохилӣ дар ҳоли сохт аст.

Ин муассиса аз равиши пратаини навтаркибе, ки аз эминитарин воксанҳо аст барои тавлиди он истифода кардааст.

Вазорати беҳдошт эълон карда аст, 56 миллиону 383 ҳазору 179 нафар дози аввал, 44 миллиону 51 ҳазору 743 нафазр дози дувум ва 705 ҳазору 196 нафар дози сеюми воксани коронаро тазриқ карданд ва маҷмуъи воксанҳои тазриқшуда дар кишвар ба 101 миллиону 140 ҳазору 118 доз расидааст.

 

Бештар бихонед:

Воксани эронии «Розӣ Ковпорс» 9 то 12 моҳ эминзоӣ дорад

Барчасп