Амрико ; масъӯли вазъияти эҷодшуда дар Барҷом
(last modified Sat, 20 Nov 2021 11:01:30 GMT )
Ноябр 20, 2021 16:01 Asia/Dushanbe
  • 29 ноябр даври нави музокироти Вена  барои рафъи таҳримҳои ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон баргузор мешавад
    29 ноябр даври нави музокироти Вена барои рафъи таҳримҳои ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон баргузор мешавад

Дар ҳоле ки даври нави музокироти Вена барои рафъи таҳримҳои ғайриқонӯнии Амрико алайҳи Эрон қарор аст 29 ноябр баргузор шавад, Амрико на танҳо иқдоми ҷиддиеро барои нишон додани ҳусни нияти худ дар пеш нагирифта, балки бо баёнияҳову таҳримҳои ҷадид алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба дунболи фарофиканӣ аст .

Роберт Моли-намояндаи вижаи давлати Амрико дар умӯри Эрон ва намояндагони се кишвари аврупоӣ ( Олмон, Британия ва Фаронса ) ва намояндагони Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дар нишасте дар Риёз дар баёнияе зимни такрори иддаоҳои беасос Эронро ба анҷоми « фаъолиятҳои бесуботкунанда дар минтақа » муттаҳам карданд.
Саиди Хатибзода-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон, рӯзи ҷумъа дар тветте дар вокуниш ба ин баёния давлати Амрикоро ба унвони ноқизи қатъномаи 2231-и Шӯрои Амнияти Созмони Миллал ва тарафе, ки аз Барҷом хориҷ шуд, масъӯли вазъияти эҷодшуда донист .
Эрон аз ин рафтори ғайримасъӯлонаи Амрико ва нақзи Барҷом дучори зарарҳои фаровоне шудааст . Бо таъкид бар ҳамин нукта Алии Боқирӣ-муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон дар сафари ахири худ ба чаҳор кишвари аврупоӣ ( Фаронса, Олмон, Британия ва Испания ) ва ҳамчунин дар гуфтугӯ бо  Сергей Рябоков ва  Мо Жоусо- муовинони вазирони умӯри хориҷаи Русия ва Чин бар лузӯми лағви муассири таҳримҳои ғайриқонӯнии Амрико зидди Эрон ба унвони як зарурат барои музокироти оянда таъкид кард.

Иёлоти Муттаҳида бо ҳамроҳи сегонаи аврупоӣ агарчӣ дар зоҳир бар зарурати музокира барои эҳёи Барҷом таъкид доранд, аммо моҳияти иқдомоти онҳо нишон медиҳад ки онҳо сенарияи ҳамоҳангеро барои ташдиди фишор бар Эрон бо истифодаи абзорӣ аз Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ тарроҳӣ кардаанд .

Имоди Обшинос-таҳлилгари масойили сиёсӣ бо ишора ба инки мушкили Амрико бо Эрон фақат масъалаи ҳастаӣ нест, балки фаротар аз ин баҳсҳо аст, мегуяд ; Онҳо ба хубӣ медонанд, ки Эрон дунболи сохти таслиҳоти ҳастаӣ нест, аз ин рӯ фақат баҳона меоваранд, то Эронро дар фишор қарор диҳанд .

Судӯри баёнияҳои иддаоӣ ва такрори дархостҳои фаротар аз таъаҳҳудоти подмонӣ ва талош барои таҳмили дархостҳои зиёдахоҳонаву ғайриподмонӣ дар шароите, ки ожонс ва аъзои ғарбии он ба таъаҳҳудоту вазоифи худ амал намекунанд, навъе истифодаи абзорӣ аз ожонс барои аҳдофи сиёсӣ аст . Возеҳ аст, ки бо фазосозиҳои байналмилалӣ ва ибҳомсозиҳои беасос дар ҳамкориҳои Эрону ожонс наметавон бар беэътимодии эҷодшуда нисбат ба Амрико баъд аз нақзи Барҷом сарпӯш гузошт ва масири Барҷомро яктарафа тай кард. Тадовуми ин рафтор қатъан " кумаке ба бозгашти эътимоди аздастрафта нахоҳад кард . Анҷоми таъаҳҳудот ба сурати яктарафа аз сӯи Эрон дар Барҷом бидуни анҷоми таъаҳҳудоти тарафи муқобил дархости ғайримантиқӣ аст .
Такрори иддаоҳои беасос ва дархостҳои фароқонӯнии Амрикову Аврупо аз Эрон таъйидӣ бар ин гумон аст, ки сиёсати ҳамоҳанг барои таъсигузорӣ бар фазои музокироти Вена дар ҳоли пайгирӣ аст .
Интиқоди сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон аз рафторҳои дугонаи Амрико ишора ба ҳамин нукта дорад .

Хатибзода гуфт: Кишварҳое ки бояд посухгӯи моҷароҷӯиҳо ва таҷовузҳои худ дар минтақа аз ҷумлаи таҷовузи ҳафтсола ба сарзамини Яман бошанд, наметавонанд дар мақоми муддаӣ алайҳи дигарон иттиҳомоти беасос матраҳ кунанд ва масъӯлияти ин ҷиноятҳоро аз худ дур ва азҳони умумиро бероҳа кунанд .

Амрико ба унвони танҳо кишвар бо собиқаи истифода аз таслиҳоти ҳастаӣ  бо собиқаи сиёҳ аз мудохилаҳои гуногун дар умӯри дохилии кишварҳои мухталиф ва аслитарин фурӯшандаи силоҳу муҳимот ба манотиқи мухталифи дунё, дар пайи буҳронофаринӣ ва фазосозӣ алайҳи Эрон аст .
Бидуни шаки рафторҳое аз ин даст на танҳо таъсире бар иродаи Эрон барои ҳифзу дифоъ аз манофеъ ва ҳуқуқи қонуниаш нахоҳад дошт, балки печидагии вазъияти мавҷудро афзоиш хоҳад дод .



Бештар бихонед :