Омӯзиши забони форсӣ дар мадориси давлатии Ҳинд
Ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳинд, аз тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ дар заминаи омӯзиши забони форсӣ дар мадориси давлатии Ҳинд хабар дод.
Муҳаммадалӣ Раббонӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Ҳинд дар дидор бо Joseph Emmanuel, мудири кулли Маркази омӯзиши мадориси мутавасситаи вобаста ба вазорати омӯзиш ва парвариши Ҳинд гуфт, тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, омӯзишӣ ва ҳамкорӣ дар заминаи омӯзиши забони форсӣ дар мадориси давлатии Ҳинд иҷроӣ мешавад.
Ройзани фарҳангии Эрон дар Ҳинд афзуд, иқдомоти аввалияи хубе бар асоси тавофуқоти дуҷониба миёни ниҳодҳои омӯзишии ду кишвар ба амал омадааст.
Раббонӣ ҳамчунин гуфт, ниҳодҳои фарҳангӣ ва омӯзишии Эрон омодагии лозим ба манзури тавлиди манобеъ ва муҳтавоҳои омӯзишӣ, тарбияти мураббиёни омӯзиши забони форсии мадорис, фароҳамсозии имкон, таъомулот ва ҳамкориҳои кории муштараки мустамар дар заминаи иҷрои санади омӯзширо доранд.
Дар ин дидор муқарар шуд, нишастҳои давраии дигаре барои баррасии роҳкорҳои иҷрои ҳамкорӣ дар заминаи омӯзиши забони форсӣ дар мадориси давлатии Ҳинд баргузор шавад.