Паноҳандагон дар Эрон ваксина мешаванд
(last modified Sat, 20 Nov 2021 11:40:06 GMT )
Ноябр 20, 2021 16:40 Asia/Dushanbe
  • Паноҳандагон дар Эрон ваксина мешаванд

Мудири кулли умӯри атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии вазорати кишвари Эрон гуфт, паноҳандагони муқим бо ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ дар Эрон ваксина мешаванд.

Ба гузориши ИРНА, Меҳдии Маҳмудӣ, мудири кулли умӯри атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии вазорати кишвари Эрон афзуд, бо тавваҷуҳ ба аҳаммияти ваксина кардани паноҳандагон ва атбоъи хориҷӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории Ковид 19, давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласоти мутааддид бо ниҳодҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор кард.

Маҳмудӣ тасреҳ кард: "Эрон пас аз ахзи муҷаввизҳои лозим тавассути вазорати беҳдошт ва дармон нахустин маҳмӯлаи воксани Ковид 19 ба теъдоди як миллиону 600 ҳазор доз ба ҳамроҳи зурӯфи ҷамъоварии эминсозӣ ва сӯзандоруҳои тазриқро дар қолаби созу кори "пӯшиши башардӯстонаи " Квокс таҳти ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид дар умӯри паноҳандагонро таъмин карду таҳвили вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ шуд".

Вай афзуд, давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз кишварҳое, ки таҳти таъсири Ковид 19 қарор гирифт, дар моҳҳои ахир тавониста ба таври густарда барномаи ваксинаро ба иҷро даровард ва паноҳандагони сокин дар кишварро ҳамзамон бо шаҳрвандони эронӣ ваксина кунад.