Ирсоли сездаҳумин маҳмулаи кумакҳои башардустонаи Эрон ба Афғонистон
(last modified 2021-11-21T05:20:00+00:00 )
Ноябр 21, 2021 10:20 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли сездаҳумин маҳмулаи кумакҳои башардустонаи Эрон ба Афғонистон

Сездаҳумин маҳмулаи кумакҳои башардустонаи Эрон ба мардуми Афғонистон ба вилояти Нангарҳори Афғонистон ирсол мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, дафтари матбуъотии вилояти Нангарҳор, бо судури баёнияе эълон кард: Ҳавопаймоҳои ҳомили кумакҳои башардустонаи Эрон ба зудӣ вориди фурудгоҳи Нангарҳор мешавад ва кумакҳои ирсоли аз тарафи давлат ва миллати Эрон дар байни хонаводаҳои шуҳадо ва захмишудагон тақсим хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Нидо Муҳаммад Надим фармондеҳи полиси Нангарҳор бо Маҷиди Содиқи Давлатободӣ, сарконсули Ҷумҳурии Исломи Эрон дар Ҷалолобод маркази ин вилоят дидор кард.

Ба гуфтаи Сайд Ҳасани Муртазавӣ, муовини сиёсии сафири Эрон дар Афғонистон, дувоздаҳумин маҳмула аз кумакҳои Эрон дар рузҳои гузашта дар ихтиёри мардуми Афғонистон қарор гирифта аст.

 

Барчасп