Тавқифи ду шиновари сайёдии уммонӣ дар обҳои соҳилии ҷануби Эрон
(last modified Mon, 22 Nov 2021 09:03:03 GMT )
Ноябр 22, 2021 14:03 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи ду шиновари сайёдии уммонӣ дар обҳои соҳилии ҷануби Эрон

Ҷонишини фармондеҳи бахши ҳифозати манобеи обзиёни шилот(моҳипарварӣ)и устони Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон, аз тавқифи ду шиновари линҷи сайёдии уммонии дар ҳоли сайд дар обҳои шаҳристони Ҷоски ин устон хабар дод .

Меҳрдоди Ромиши Ҷон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории донишҷӯёни Эрон ( ИСНА ) бо баёни инки ҳифозат аз манобеи обзиён ва манофеи сайёдон аз вазоифи зотии ин бахш аст, гуфт :Ду шиновари линҷи сайёдии уммонии мутаҷовиз, дар ҳарими сайёдии шаҳристони Ҷоск, дар ҳоли сайд шиносоӣ ва тавқиф шуданд .

Ҷонишини фармондеҳи бахши ҳифозати манобеи обзиёни шилот(моҳипарварӣ)и устони Ҳурмузгон афзуд : Гашти дарёии пойгоҳи ҳифозати манобеи обзиёни шаҳристони Ҷоск пас аз таваққуфи шиновари уммонӣ, ки ҳар кадом бо се нафар малавон иқдом ба сайди ғайримуҷоз мекарданд, бо риояти мавозини шаръӣ ва қонунӣ тавқиф шуданд.



Бештар бихонед :