Ноябр 23, 2021 14:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори Рофаел Гросси бо раиси Созмони энержии атомии Эрон

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо раиси Созмони энержии атомии Эрон дидор ва ройзанӣ кард.

Рофаел Гросси мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ имрӯз сешанбе дар идомаи иҷрои тавофуқҳои ахир бо Эрон бо Муҳаммади Исломӣ, раиси Созмони энержии атомӣ дидор кард.

Рофаел Гросси душанбе вориди Теҳрон шуд.

Мудири кулли Ожонси байналмиллаии энержии атомӣ, қарор аст имрӯз ҳамчунин баъд аз дидор ва музокира бо раиси Созмони энержии атомии Эрон бо Ҳусейни Амир Абдулоҳиён, вазири хориҷа дидор кунад.

Ин дуюмин сафари Рофаел Гросси ба Теҳрон баъд аз оғози бакоргирии давлати сездаҳум аст.

 

Барчасп