Ноябр 23, 2021 15:11 Asia/Dushanbe
  • Эрон хостори иҷрои комили барномаи иқдоми мубориза бо қочоқи силоҳҳои сабук шуд

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал гуфт, Эрон хостори тазмини иҷрои мутавозин, муассир ва комили барномаи иқдоми мубориза бо қочоқи силоҳҳои кучак ва сабук аст.

Маҷиди Тахтиравончӣ дар нишасти Шӯрои амният дар бораи осори қочоқи силоҳҳои кучаку сабук бар сулҳ ва амният гуфт: Ҳамонанди дигар кишварҳо, Эрон низ дар мавриди паёмадҳои башардӯстона, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, амниятӣ ва тиҷорати ғайриқонунии силоҳҳои кучаку сабук ва дастёбии афроди ғайримуҷоз ба ин гуна силоҳҳо нигарон аст.

Аршадтарин дипломати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал афзуд: Барномаи иқдоми муқобила бо тамоми ҷанбаҳои тиҷорати ғайриқонунии силоҳҳои кучаку сабук танҳо чорчӯби ҷаҳонӣ барои пардохтан ба чолишҳои чандваҷҳии ин падида аст.

Вай гуфт: Ин санади довталабона ва ғайриилзомовар аз назари ҳуқуқӣ, ки то кунун низ таъсири қобили таваҷҷуҳе дар басиҷи талошҳои байналмилалӣ алайҳи тиҷорати ғайриқонунии силоҳҳои кучак ва сабук дошта, ҳамчунон муфид ва муътабар аст.

Тахтиравончӣ афзуд: Албатта, дар тамоми талошҳо барои мубориза бо қочоқи силоҳҳои кучаку сабук бояд ҳаққи ҳар давлат барои сохт, содирот, воридот ва ҳифзи чунин силоҳҳое ба таври комил мавриди эҳтиром қарор гирад. Чун ин мавзуъ аз муқтазиёти истифода аз ҳаққи зотии дифои машруъ аст, ки дар моддаи 51 эъломияи Созмони Милали мавриди таъйид қарор гирифтааст.