Ноябр 23, 2021 16:20 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши 15 донишманди эронӣ дар байни бартарин пажӯҳишгарони дунё

Муассиси Маркази минтақаии иттилоърасонии улуму фанноварӣ, аз дурахшиши 15 донишманди эронӣ дар байни бартарин пажӯҳишгарони дунё хабар дод.

Ҷаъфар Маҳрод, муассиси Маркази минтақаии иттилоърасонии улуму фанноварӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Форс” аз дурахшиши 15 донишманди эронӣ дар байни бартарин пажӯҳишгарони дунё хабар дод ва гуфт: Интихоби ин пажӯҳишгарон мубтанӣ бар амалкарди истисноии онон дар як ё чанд риштаи илмӣ аст.

Маҳрод афзуд: Ин устодон дар донишгоҳҳои Амир Кабир, улуми пизишкии Теҳрон, Донишгоҳи Теҳрон, Донишгоҳи санъатии Шаҳрӯд, Донишгоҳи Бақиятуллоҳи Аъзам, Донишгоҳи озод, Муҳаққиқи Ардабилӣ, улуми пизишкии Машҳад, Тарбияти мударрис, улуми пизишкии шаҳид Биҳиштӣ ва пажӯҳишгоҳи улуму фанноварии ранг ҳузур доранд.

Муассиси Маркази минтақаии иттилоърасонии улуму фанноварӣ бо ишора ба эъломи асомии пажӯҳишгарони пуристиноди соли 2021 гуфт: Чаҳор сол пайдарпай аст, ки “Кларивейт Анатикс” нисбат ба муаррифии донишмандони пуристинод дар ҳавзаҳои миёнриштаӣ иқдом мекунад.

Ба гуфтаи Маҳрод, Мустафо Аббосзода аз Донишгоҳи санъатии Амир Кабир, Муҳаммад Абдуллоҳӣ аз Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон, Муртазо Ағбошлу аз Донишгоҳи Теҳрон, Муҳаммадҳусайни Аҳмадӣ аз Донишгоҳи санъатӣ, Меҳдии Деҳқон аз Донишгоҳи санъатии Амир Кабир дар миёни бартарин донишмандони дунё муаррифӣ шуданд.

Маҳрод ҳамчунин гуфт, Сайид Фозили Набавӣ аз Донишгоҳи Бақиятуллоҳи Аъзам, Нуриддини Қадимӣ дар аз Донишгоҳи озоди исломӣ, Азиз Ҳабибӣ аз Донишгоҳи Муҳаққиқи Ардабилӣ, Аҳмад Ҳусайнии Бандақароӣ аз Донишгоҳи озоди исломӣ, Ҳомиди Мирзоӣ аз Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад, Сайид Муҳаммад Набавӣ аз Донишгоҳи Бақиятуллоҳи Аъзам, Умеди Раҳматӣ аз Донишгоҳи Теҳрон, Баҳром Рамазонзода аз пажӯҳишгоҳи улуму фанноварии Ранг, Масъуди Ризоӣ аз Донишгоҳи тарбияти Мударрис ва Ҷаводи Шарифирод аз Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид Биҳиштӣ низ дар ин лист ҳастанд.

 

Барчасп