Ноябр 24, 2021 18:12 Asia/Dushanbe
  • Гросси: Эрон тибқи муоҳидот ва завобит, фаъолиятҳои ҳастаияш дар ҳоли анҷом аст
    Гросси: Эрон тибқи муоҳидот ва завобит, фаъолиятҳои ҳастаияш дар ҳоли анҷом аст

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки ба Теҳрон сафар кардааст, рӯзи сешанбе бо вазири умӯри хориҷа ва раиси Созмони энержии атомии Эрони дидор ва дар бораи идомаи ҳамкориҳо гуфтугӯ кард.

Муҳаммади Исломӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон пас аз дидори мудири кулли ожонс бо таъкид бар инки Эрон дар иҷрои барномаи ҳастаии худ мусаммам аст, гуфт, дар ин мулоқот Рафаэл Гросси чандинбор баён кард, ҳеҷ инҳирофе дар барномаҳои ҳастаии Эрон мушоҳида накарда ва Эрон тибқи муоҳидоту завобит, фаъолиятҳои ҳастаияш дар ҳоли анҷом аст.

Гросси низ гуфт, ба дунболи он ҳастем то корро тадовум бибахшему муносиботро идома диҳем бо ин нигоҳ, ки битавонем заминаҳои муштаракро пайдо кунем.

Сафари Гросси ба Теҳрон дар остонаи нишасти Шӯрои ҳукком, ки қарор аст, чаҳоршанбе (24 ноябр) баргузор шавад, анҷом шудааст.

Пойгоҳи хабарии “Axius” дар ин хусӯс гузориш дода буд, Англия, дигар кишварҳои ғарбиро барои интиқод аз Эрон дар ҷаласаи Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ таҳти фишор қарор додааст; ин дар ҳоле аст, ки Эрон ҳамвора ба ожонс тавсия карда дар масири ҳамкориҳои фаннӣ, боқӣ бимонаду иҷоза надиҳад бархе кишварҳо ғаразҳои сиёсии худро ба номи ожонс пеш бибаранд.

Эрон то 15 моҳ пас аз хурӯҷи ғайриқонӯнии Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ дар соли 2018, ба иҷрои комили тааҳҳудоти худ идома дод ва пас аз онки тарафҳои аврупӣ ба ваъдаҳои худ, аз ҷумла гушоишҳои молӣ ва банкӣ амал накарданду давлати Амрико низ ба таҳримҳои якҷониба идома дод, Эрон ба тадриҷ бархе тааҳҳудоти ҳастаии худро коҳиш дод. Бо ин ҳол, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафарҳои ахири Гросси ба Теҳрон, ду навбат бо тавофуқномаҳои фаннӣ бо ҳадафи тазмини тадовуми назорати ожонс бар таъсисоти ҳастаӣ низ мувофиқат карда буд, аммо мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамчунон ба дархостҳои фароподмонӣ аз Эрон идома додааст.

Мавзӯи муҳимми дигар, ки мӯҷиби норизоятии Эрон аст, иқдомоти харобкорона дар таъсисоти ҳастаӣ ва террори донишмандони Эрон тавассути режими саҳюнистӣ аст, ки ожонс токунӯн ҳеҷ гӯна вокунише ба ин ҳамалот нишон надодааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи Саиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон, ожонс ба хубӣ медонад ин харобкориҳо ва аъмоли террористӣ тавассути режими саҳюнистӣ дар хоки Эрон сӯрат гирифтааст, ки ҳам бо сукути бархе кишварҳои муддаӣ ҳамроҳ буда ва ҳам таъсири қобили таваҷҷӯҳе бар бархе абъоди фаннӣ гузоштааст.

Аз нигоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, масоили мавҷӯи байни Эрону ожонс, тамоман марбӯт ба масоили фаннӣ аст ва ожонс набояд таҳти таъсири фишорҳои сиёсӣ ва ҷанҷолҳое қарор гирад, ки аз сӯи умдатан ғарбиҳо ва режими саҳюнистӣ зидди барномаи ҳастаии Эрон матраҳ мешавад.

Бо тавваҷуҳ ба наздик будани музокироти Эрон ва гурӯҳи 4+1 дар Вена ва ҳамчунин баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, дидори имрӯзи Гросси бо вазири умӯри хориҷа ва раиси Созмони энержии атомии Эрон метавонад фурсате барои ожонс ва ба таври мушаххас Рафаэл Гросси бошад то ин бор гузорише ба дур аз ғаразҳои сиёсӣ ва фишорҳои душманони Эрон, дар бораи фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии ин кишвар ироа кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп