Ноябр 26, 2021 16:12 Asia/Dushanbe
  • Гуштии фарангии Эрон - қаҳрамони мусобиқоти низомиёни ҷаҳон

Тими гуштии фарангии Эрон бо касби чаҳор медали тилло, 2 нуқра ва чаҳор биринҷӣ ба унвони қаҳрамонии рақобатҳои низомиёни ҷаҳон (СИЗМ) расид.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, сивупанҷумин давраи рақобатҳои гуштии фарангии низомиёни ҷаҳон (СИЗМ) дувум ва сеюми озар бо ҳузури 12 тим дар салони 12 ҳазор нафарии озодии Теҳрон баргузор шуд ва дар поён тими Эрон бо касби чаҳор нишони тилло, 2 нуқра, чаҳор биринҷӣ ва 200 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ расид ва Русия бо 197 имтиёз ноибқаҳрамон шуд.

Дар поёни ин мусобиқот Алии Нурбахш дар вазни 55 килограм, Имон Муҳаммадӣ дар вазни 63 килограм, Ҳусайни Асадӣ дар вазни 67 килограм ва Муҳаммадризо Мухторӣ дар вазни 77 килограм ба медали тилло, Ҷамоли Исмоилӣ дар вазни 82 килограм ва Меҳдии Болӣ дар вазни 97 килограм ба медали нуқра ва Пӯё Носирпур дар вазни 60 килограм, Ашкони Саодатифар дар вазни 72 килограм, Ҳусайни Нурӣ дар вазни 87 килограм ва Амир Қосимии Мунҷазӣ дар вазни 130 килограм ба медали биринҷӣ даст ёфтанд.

 

Барчасп