Созмони Ҳамкории Шанхай як улгӯи муваффақи ҳамкории роҳбурдии минтақаӣ аст
(last modified Fri, 26 Nov 2021 12:13:22 GMT )
Ноябр 26, 2021 17:13 Asia/Dushanbe
  • Созмони Ҳамкории Шанхай як улгӯи муваффақи ҳамкории роҳбурдии минтақаӣ аст

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) як улгӯи муваффақи ҳамкории роҳбурдии минтақаӣ аст.

Муҳаммади Мухбир дар бистумин нишасти Шӯрои нахуствазирони СҲШ бо ташреҳи сиёсатҳои роҳбурдии Эрон дар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ гуфт: Омодагӣ дорем то фароянди узвияти комил дар ин созмонро дар кӯтоҳтарин замони мумкин анҷом диҳем.

Мухбир дар бистумин нишасти Шӯрои нахуствазирони Созмони Ҳамкории Шанхай, ки аз тариқи видео-конфронс баргузор шуд, афзуд: Созмони Ҳамкории Шанхай бо бархӯрдорӣ аз зарфиятҳову фурсатҳои васеи ҳамкориҳои чандҷониба метавонад аз тариқи ҳамкорӣ ва ҳамандешӣ бо якдигар, навидбахши ояндае равшан барои миллатҳои минтақа бошад.

Муовини аввали раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт, Эрон ба унвони узве масъулиятпазир дар минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, зарфиятҳову тавонмандиҳои бисёре, аз ҷумла бархӯрдорӣ аз амнияту суботи пойдор, манобеи ғании энержӣ, мазияти пайвастагии ҷуғрофиёӣ ва ҳамбастагии миллӣ, пайвандҳои густардаи таърихӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои узву нозири созмон ва низ заминаҳои фарҳангии ғанӣ, ки монеи рушди тафаккуроти ифротгароӣ дар минтақа астро, дорад.

Ба гуфтаи Мухбир, зарфиятҳои бузурги иқтисодӣ ва мазоёи нисбӣ дар ҳар як аз кишварҳои узви созмон тавваҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардаву фурсатҳои камназиреро барои пайвандҳои роҳбурдӣ ва таомули бештар миёни аъзо эҷод мекунад.

Муовини аввали раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, Эрон барои осонсозии хутути иртиботи транзитӣ бо ҳадафи иртиқои пайвандҳо миёни Чин, ҷануб ва ҷануби шарқи Осиё бо Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Русия, авлавияти хосе қоил аст.