Шикасти гуфтумони ҷабҳаи истикбор дар арсаи майдон ошкор аст
Фармондеҳи Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, уфулу пажмурдагӣ дар чеҳра ва шикасти гуфтумони ҷабҳаи истикбор дар арсаи майдон ошкор шудааст.
Сардори дарёдор Алиризо Тангсерӣ дар боздид аз ҷазираи Абумӯсо, ҷануби Эрон, дар ҷамъи фармондеҳону басиҷёни мустақар дар ин ҷазира, ба муносибати гиромидошти Ҳафтаи Басиҷ ва арзёбии омодагиҳои дифоӣ афзуд: Душманон бо сарфи ҳазинаҳои ҳангуфт дар Афғонистон, Ироқ, Яман, Лубнон ва Сурия, шикаст хурдаанд ва сардаргум ҳастанд.
Фармондеҳи Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунин гуфт, ҷавонони ғаюри басиҷӣ ва басиҷиён ҳамонанди гузашта бо рӯҳияи ҷиҳодӣ ва инқилобӣ, омодагии комил барои анҷоми маъмуриятҳои хатири созмонӣ дар ҳифзи амнияти марзҳову ҷомеа ва ҳамчунин ираии хидматрасониҳои муъминона барои рафъи мушкилоти мардум дошта бошанд.
Ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон 26 ноябри 1979 (панҷуми озари 1358) фармони ташкили Созмони басиҷи мустазъафонро содир кардаанд.