Дидору ройзании раисони ҷумҳӯри Эрону Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i77480-Дидору_ройзании_раисони_ҷумҳӯри_Эрону_Покистон
Раиси Ҷумҳурии Эрон дар ҳошияи нишасти сарони ЭКО бо раиси Ҷумҳурии Покистон дидору гуфтугӯ кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 28, 2021 16:14 Asia/Dushanbe
  • Дидору ройзании раисони ҷумҳӯри Эрону Покистон

Раиси Ҷумҳурии Эрон дар ҳошияи нишасти сарони ЭКО бо раиси Ҷумҳурии Покистон дидору гуфтугӯ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ, ки ба манзури ширкат дар понздаҳумин нишасти сарони Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО ба Ашқобод рафта, имрӯз ( якшанбе ) бо  Орифи Алавӣ-раиси Ҷумҳурии Покистон дидору гуфтугӯ кард. Раисӣ ва ҳайати олирутбаи ҳамроҳ ( шанбе ) Теҳронро ба мақсади Ашқобод-пойтахти Туркманистон тарк кард то дар иҷлоси сарони ЭКО ширкат кунад . Раисӣ дар оғози вуруд ба фурудгоҳи Ашқобод аз сӯи Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳурии Туркманистон мавриди истиқболи расмӣ қарор гирифт . Ҷумҳурии исломии Эрон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 10 узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ- ЭКО-ро ташкил медиҳанд .