Таъкиди Раисӣ бар ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз созмони ЭКО
(last modified Sun, 28 Nov 2021 13:37:18 GMT )
Ноябр 28, 2021 18:37 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз созмони ЭКО

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз созмони ЭКО ва фаъолиятҳои он бидуни қайду шарт аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайидиброҳими Раисӣ " ( якшанбе ) дар понздаҳумин иҷлоси сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ "ЭКО " дар шаҳри Ашқобод-пойтахти Туркманистон гуфт : Эрон увлавияти вижае барои ҳамкорӣ  ва мушорикати иқтисодӣ бо кишварҳои Осиё, ба хусӯс ҳамсоягони худ дар Осиёи ҷанубӣ ,Осиёи ғарбӣ, Осиёи миёна ва Қафқоз қоил аст .

Раисӣ афзуд : Таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон низ кучактар аз он аст, ки халале дар иродаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар сиёсати таъомули ҳаддиаксарӣ бо ҳамсоягону минтақа эҷод кунад .
Раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт : Амрико бо хурӯҷи ғайриқонӯнӣ аз Барҷом ва таҳмили таҳримҳои ғайриқонӯнии якҷониба ва ҳамчунин истиқрори ин сиёсати « зулми ҳаддиаксарӣ »  нишон дод, ки манофеаш бо манофеи ҷамъии минтақа созгор нест .
Раисӣ хотирнишон кард : Манфиати минтақа ҳамкорҳои сӯдманд ва бародарии миллатҳои минтақааст ва Ҷумҳурии исломии Эрон омодааст, ки тамоми зарфияти худро барои таҳаққуқи ин ҳадафи инсонӣ ва исломӣ ба кор бибандад .

Раиси Ҷумҳурии Эрон хотирнишон кард : Маҷмӯъаи «ЭКО » илова бар баҳрамандии вижагиҳои моддии қудрат, ҳамчун ҷамъияти ниммиллиардӣ, моликияти  сеяки манобеи энержии ҷаҳон, мавқеъияти беназири иртиботӣ миёни Аврупо бо Чину Русия бо халиҷи Форс ва уқёнуси Ҳинд, неруи инсонии ҷавону пуртавон ва дарбардорандаи ҳувияти мумтоз ба номи Ислом аст .