Ноябр 29, 2021 12:38 Asia/Dushanbe

Мудири омили ширкати миллии гази Эрон таъкид кард : Қарордоди сеҷонибаи газӣ илова бар аҳамияти иқтисодӣ бар пойдории шабакаи газӣ дар шимол ва шимолу шарқи Эрон кумак мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи Хабар, Чигинӣ- мудири омили ширкати миллии гази Эрон дар иртибот бо хабари соъати 20 шабакаи Хабар гуфт : Қарордоди сеҷонибаи газ аз Туркманистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон аз хоки Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузури Раисӣ ва Алиев, руасои ҷумҳӯри Эрону Озарбойҷон ба имзо расид .

Вай афзуд : Ин қарордод аз аҳамияти геополитикӣ дар таҳкими равобити минтақаӣ бархурдор аст ва бар асоси ин қарордод қарор аст солона 1.5 то 2 миллиард метр мукааб газ аз Туркманистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон аз хоки Ҷумҳурии исломии Эрон интиқол ёбад.



Бештар бихонед :

 

Барчасп