Ноябр 30, 2021 16:28 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Тамаркузи тими музокиракунандаи Эрон рафъи таҳримҳост

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, тими музокиракунандаи Эрон барои итминон аз рафъи таҳримҳо вориди Вена шудааст ва он чӣ дар Вена иттифоқ меуфтад, тамаркуз бар рафъи таҳримҳост.

Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, бо ишора ба оғози музокироти Эрон бо гурӯҳи 4+1 барои лағви таҳримҳои золимонаи Амрико зидди Эрон дар Вена афзуд: Мавзӯоте монанди музокироти гом ба гом ва тааҳҳудоти ҷадид ҳеҷ ҷойгоҳе дар гуфтугӯи Эрон бо 4+1 надорад.

Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон афзуд: Эрон бо азми ҷиддӣ вориди музокироти Вена шудааст ва агар тарафҳои муқобил ба ҷои талаф додани вақт (вақткушӣ), бо нияте дуруст барои рафъи таҳримҳо вориди Вена шуда бошанд, музокирот дар масири дуруст қарор хоҳад гирифт.

Даври ҷадиди музокироти Эрон ва кишварҳои 4+1 барои лағви таҳримҳои золимонаи Амрико зидди Эрон аз рӯзи гузашта бо таркиби ҷадиди тими музокиракунандаи эронӣ оғоз шудааст.

Алӣ Боқирии Канӣ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон раёсати ҳайати музокиракунандаи Эрон дар ин музокиротро бар ӯҳда дорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп