Дар сӯрати ҳусни нияти Ғарб, тавофуқи хуб дар дастрас аст
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид бар инки ҳайати эронӣ дар Вена музокироти мантиқӣ, қавӣ, матин ва натиҷамеҳварро дунбол мекунад, тасреҳ кард, агар Ғарб ҳусни ният нишон диҳад, тавофуқи хуб дар дастрас аст.
Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар паёме афзуд, музокироти Вена бо авлавияти асосии рафъи таҳримҳо ва бо ҷиддият ҷараён дорад.
Вай бо баёни инки бо Алии Боқирӣ, музокиракунандаи аршади Эрон дар Вена дар иртиботи рӯзона аст аз тадовуми музокироти коршиносон хабар дод.
Намояндагони Эрон ва кишварҳои гурӯҳи 1+4 аз душанбеи гузашта бо ҳузур дар Вена, даври ҷадиде аз гуфтугӯҳои Комиссиюни муштараки БарҶом-ро оғоз карданд.
Алии Боқирӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон пештар дар “Твиттер” таъкид карда буд, Эрон мусаммам ба анҷом музокироте аст, ки таҳримҳои золимона ва ғайриқонӯниро ба сӯрати комил ва муассир лағв намуда, оддисозии равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Эронро тазмин намуда ва замонатҳои муътабаре барои адами бадаҳдии бештар фароҳам кунад.
Пеш аз ин, 6 кишаври музокира бо ҳадафи бозгашти Амрико ба Бар Ҷом дар шаҳри Вена бо ҳузури кишварҳои боқтмонда дар ин тавофуқ ба анҷом расида буд.
Яке аз заминаҳои ихтилоф дар ин музокироти исрори Амрико бар ҳифзи бештари таҳримҳое аст, ки давлати Доналд Трамп баъд аз хурӯҷ аз БарҶом алайҳи Эрон эъмол кардааст. Илова бар ин, давлати Байден эълом карда, ҳеч гуна замонате наметавонад дар бораи адами хурӯҷи дубораи давлатҳои баъдии Амрико аз БарҶом бидиҳад.