Садои фурӯ рехтани сутунҳои режими саҳюнистӣ ба гӯш мерасад
Декабр 03, 2021 18:01 Asia/Dushanbe
Раиси Созмони басиҷи мустазъафини Эрон гуфт, фарҳанги исору шаҳодат ва тафаккури басиҷиву ҷиҳодӣ ба табаият аз имомайни инқилоби исломӣ боис шуда, садои фурӯ рехтани сутунҳои мавҷудияти режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба гӯш бирасад.
Сардор сартипи посдор Ғуломризо Сулаймонӣ дар размоиши иқтидори басиҷу гуруҳҳои ҷиҳодӣ дар муҷтамаи Фаҷри Аҳвоз изҳор дошт: Он рӯзҳо гумон доштем пайравии инқилоб танҳо сарнагунии режим шоҳаншоҳӣ аст, аммо имрӯз мебинем, ки низоми султаву режими ишғолгари Қудс рӯзона аз минтақа дар ҳоли фирор ҳастанд.
Вай дифои муқаддасро зербинои аслии муқовимат донисту афзуд: Бовари “Мо метавонем” аз он даврон дар миллати бузурги Эрон таҷаллӣ ёфт.