Декабр 04, 2021 13:24 Asia/Dushanbe
  • Таҳаққуқи тавсеаи пойдори минтақаӣ аз тариқи густариши муносиботи тиҷории Эрон бо ЭКО

Раиси утоқи бозаргонии муштараки Эрону Узбекистон таъкид кард: Тавсеаи пойдори иқтисодӣ ва афзоиши сақфи тиҷорат дар минтақа аз натоиҷи густариши равобити Эрон бо Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии ЭКО аст.

Ба гузориши ИРНА, Мӯсо Оқоӣ, раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Узбекистон дар мавриди ҳамкориҳои Эрон бо ЭКО гуфт, иҷрои мувофиқатномаҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа бар тиҷорати Эрон таъсири чашмгире хоҳад гузошт, ки метавонад истимрор ёбад.

Вай афзуд, бозори кишварҳои узви ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО зарфияти тиҷории бисёре доранд, ки тавсеаи равобит метавонад содироти Эронро беш аз пеш афзоиш диҳад.

10 кишвари Эрон, Покистон, Туркия, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистону Ҷумҳурии Озарбойҷон кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО ҳастанд.

Бар асоси эъломи гумрук, дар нимаи нахусти имсол (1400), ҳаҷми тиҷорати Эрон бо аъзои созмони ЭКО, 15 миллиону 307 ҳазор тон коло ба арзиши ҳафтмиллиарду 255 миллиондоллар буд, ки рушди 67 дарсадӣ дар вазн ва 60 дарсадӣ дар арзиши колои табодулшударо нисбат ба муддати мушобеҳ нишон медиҳад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп